https://sputnik.tj/20260510/chand-tojikistoni-mavsimi-imsola-haj-1077450513.html
Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар мавсими имсола маросими Ҳаҷро анҷом медиҳанд
Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар мавсими имсола маросими Ҳаҷро анҷом медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон теъдоди тоҷикистониёнеро, ки дар мавсими имсола, маросими Ҳаҷро ба ҷо меоранд, эълон кард 10.05.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-05-10T16:02+0500
2026-05-10T16:02+0500
2026-05-10T16:02+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
каъба
ҳоҷӣ
арабистони саудӣ
кумитаи дин
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058349640_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_e664c7cb76be0c48037a30c83f3ba3df.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ҳудуди 5 ҳазор тоҷикистонӣ дар мавсими имсола маросими Ҳаҷро анҷом медиҳанд.Дар ин бора, Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.Ширкати "Сомон Эйр" интиқолдиҳандаи асосӣ боқӣ хоҳад монд ва "Тоҷик Эйр" метавонад баъдтар ба он ҳамроҳ шавад, афзуд мусоҳиб.Ёдовар мешавем, ки нархи сафари Ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст. Соли 2025 арзиши сафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.Сафари зоирон ба Арабистони Саудӣ дар моҳи майи соли равон сурат мегирад.Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.
https://sputnik.tj/20260508/safari-nakhustin-guruhi-zoironi-tojik-ziyorati-khonai-khudo-1077370043.html
каъба
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058349640_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_06c41c57c7b5b76f166ceab1c0bcdbae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳаҷ, каъба, ҳоҷӣ, арабистони саудӣ, кумитаи дин, дин ва оин
дар тоҷикистон, ҳаҷ, каъба, ҳоҷӣ, арабистони саудӣ, кумитаи дин, дин ва оин
Маълум шуд, чанд тоҷикистонӣ дар мавсими имсола маросими Ҳаҷро анҷом медиҳанд
Кумитаи дини Тоҷикистон теъдоди тоҷикистониёнеро, ки дар мавсими имсола, маросими Ҳаҷро ба ҷо меоранд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ҳудуди 5 ҳазор тоҷикистонӣ дар мавсими имсола маросими Ҳаҷро анҷом медиҳанд.
Дар ин бора, Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Зоҳирон як моҳ дар маконҳои муқаддас хоҳанд монд, рӯзи бозгашт ҳанӯз дақиқ нест", - иттилоъ доданд аз Кумитаи дини Тоҷикистон.
Ширкати "Сомон Эйр" интиқолдиҳандаи асосӣ боқӣ хоҳад монд ва "Тоҷик Эйр" метавонад баъдтар ба он ҳамроҳ шавад, афзуд мусоҳиб.
Ёдовар мешавем, ки нархи сафари Ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст. Соли 2025 арзиши сафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.
Сафари зоирон ба Арабистони Саудӣ дар моҳи майи соли равон сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.