Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо

© Foto / Комитет по религии Республики ТаджикистанПервая группа таджикских паломников вылетела в Королевство Саудовская Аравия для совершения обрядов хаджа.
Первая группа таджикских паломников вылетела в Королевство Саудовская Аравия для совершения обрядов хаджа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2026
Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик иборат аз 180 нафар барои зиёрати хонаи Худо рафтанд
ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Ахиран нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гардид.
Дар ин бора Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зоиринро дар фурудгоҳи масъулони Кумитаи дин дар фурудгоҳи шаҳри Ҷидда пешвоз гирифта, дар меҳмонхонаҳои шаҳри Маккаи Мукаррама ҷойгир кардаанд.
Қайд карда шудааст, ки нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ аз шаҳри Душанбе тариқи ҳавопаймои "Сомон-Эйр” ба Ҷидда парвоз кардаанд.
Кумитаи дин хабар додааст, ки ин гурӯҳи зоирони тоҷик аз 180 нафар иборатанд.
Мусульманский паломник кормит голубей возле Большой мечети во время ежегодного паломничества хадж в Мекку, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
Ёдовар мешавем, ки нархи сафари Ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст. Соли 2025 арзиши сафар барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ 56 ҳазору 800 сомонӣ буд.
Сафари зоирон ба Арабистони Саудӣ дар моҳи майи соли равон сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.
Лентаи хабарҳо
0