https://sputnik.tj/20260509/rahmon-khotira-jonfidoihoi-tojikon-faromush-nakhohand-shud-1077421743.html
Раҳмон: Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои тоҷикон ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд
Раҳмон: Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои тоҷикон ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахираш таъкид кард, ки тоҷикон саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд
2026-05-09T13:25+0500
2026-05-09T13:25+0500
2026-05-09T13:24+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ
рӯзи ғалаба
паёми табрикотӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077416937_0:126:2048:1278_1920x0_80_0_0_ed2a2324fc072c30a88b0ea00fa0bac5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба муносибати 81-уминг солгарди Ғалбаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз саҳми бузурги тоҷикон дар ин ҷанг ёдрас шудВай дар паёмаш гуфт, 81 сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки Рӯзи ғалаба бар фашизм ҳамасола аз ҷониби мардумони сулҳпарвари аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, зеро инсоният, хусусан, дар шароити пурҳаводиси кунунӣ қадру қимати сулҳу оромӣ ва адолату инсондӯстиро бештар дарк мекунад ва хотираи неку корнамоиҳои гузаштагони худро, ки озодӣ ва ояндаи дурахшони наслҳои имрӯзаро ҳимоя кардаанд, пос медорад.Вай зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.Раҳбари кишвар илова кард, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди "Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ" қадрдонӣ карда шуданд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони Тоҷикистон таҷассумгари саҳми арзишманди мардуми кишвар дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.Раҳбари кишвар ёдовар шуд, ки саҳми Тоҷикистон на танҳо дар майдони набард, балки дар ақибгоҳ низ назаррас буд.Вай гуфт, занону кӯдакон ва калонсолон, бо вуҷуди азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷанг, шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба ғалаба гузоштанд.“Мардуми мо, дар ҳоле ки худашон аз норасоии озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим танқисӣ мекашиданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - гуфт ӯ.Раҳбари кишвар илова кард, ки беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари собиқ Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.Вай афзуд, ки солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва сарзамини мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.Кишвардори Тоҷикистон аз равандҳои хатарбор, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди қудратҳои ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона, авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, ҷангҳои "гибридӣ" ва "сард", густариш ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ин равандҳо ҳаёти осоишта, суботу оромӣ ва рушду пешрафти аҳолии сайёраро ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.Вай гуфт, Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, аз оқибатҳои фоҷиабору сангини чунин равандҳо хуб огоҳ мебошад.Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони кишварро ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод орзу намуд.
https://sputnik.tj/20260509/rahmon-otashi-jovidon-bogi-ghalabai-dushanbe-gulchanbar-1077411784.html
https://sputnik.tj/20260505/hajmi-kumakpuli-rahmon-kuhansarboz-jangi-buzurgi-vatani-1077293371.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55127
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/09/1077416937_184:0:2004:1365_1920x0_80_0_0_8a30f9c454f20b013573fa51a8627f6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, рӯзи ғалаба, паёми табрикотӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, рӯзи ғалаба, паёми табрикотӣ
Раҳмон: Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои тоҷикон ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахираш таъкид кард, ки тоҷикон саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба муносибати 81-уминг солгарди Ғалбаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз саҳми бузурги тоҷикон дар ин ҷанг ёдрас шуд
Вай дар паёмаш гуфт, 81 сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки Рӯзи ғалаба бар фашизм ҳамасола аз ҷониби мардумони сулҳпарвари аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, зеро инсоният, хусусан, дар шароити пурҳаводиси кунунӣ қадру қимати сулҳу оромӣ ва адолату инсондӯстиро бештар дарк мекунад ва хотираи неку корнамоиҳои гузаштагони худро, ки озодӣ ва ояндаи дурахшони наслҳои имрӯзаро ҳимоя кардаанд, пос медорад.
Вай зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.
“Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд. Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд”, - гуфт президент.
Раҳбари кишвар илова кард, ки барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди "Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ" қадрдонӣ карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони Тоҷикистон таҷассумгари саҳми арзишманди мардуми кишвар дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.
“Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд ва эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ба ҷой оварда мешавад”, - гуфт Раҳмон.
Раҳбари кишвар ёдовар шуд, ки саҳми Тоҷикистон на танҳо дар майдони набард, балки дар ақибгоҳ низ назаррас буд.
Вай гуфт, занону кӯдакон ва калонсолон, бо вуҷуди азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷанг, шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба ғалаба гузоштанд.
“Мардуми мо, дар ҳоле ки худашон аз норасоии озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим танқисӣ мекашиданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд”, - гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар илова кард, ки беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари собиқ Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.
Вай афзуд, ки солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва сарзамини мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
“Имрӯзҳо баъди сипарӣ шудани зиёда аз 80 сол пас аз анҷоми ҷанги фоҷеабор ва даҳшатноктарини асри XX ҷомеаи ҷаҳонӣ боз дар марҳалаи басо мураккаб ва хатарнок қарор дорад”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон аз равандҳои хатарбор, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди қудратҳои ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона, авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, ҷангҳои "гибридӣ" ва "сард", густариш ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ин равандҳо ҳаёти осоишта, суботу оромӣ ва рушду пешрафти аҳолии сайёраро ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.
Вай гуфт, Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, аз оқибатҳои фоҷиабору сангини чунин равандҳо хуб огоҳ мебошад.
“Мо ба масъалаи таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар тамоми ҷаҳон афзалият медиҳем ва ҳамеша ҷонибдори бо роҳҳои осоишта ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошем”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони кишварро ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод орзу намуд.