https://sputnik.tj/20260505/hajmi-kumakpuli-rahmon-kuhansarboz-jangi-buzurgi-vatani-1077293371.html
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулин аз Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон кумакпулиҳои ҷудошударо инфиродӣ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвар хоҳанд расонд
2026-05-05T11:57+0500
2026-05-05T11:57+0500
2026-05-05T13:23+0500
дар тоҷикистон
рӯзи ғалаба
81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ
кӯмакпӯлӣ
эмомалӣ раҳмон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077295536_0:109:2488:1509_1920x0_80_0_0_231b2758973a23bd380671d5d0406f04.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.Чанде пеш мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳ 440 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.Барои қадршиносии ду иштирокчии ҶБВ имсол аз ҷониби раиси вилоят 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шудаастт, афзуд манбаъ.Ҳамчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.Ба иттилои Шӯро, то имрӯз дар Тоҷикистон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55067
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/05/1077295536_138:0:2350:1659_1920x0_80_0_0_eee6cbfdc8e684d104e6b2a9ef445136.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯзи ғалаба, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, кӯмакпӯлӣ, эмомалӣ раҳмон, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, рӯзи ғалаба, 81-солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ, кӯмакпӯлӣ, эмомалӣ раҳмон, иҷтимоъ
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
11:57 05.05.2026 (Навсозишуда: 13:23 05.05.2026) Масъулин аз Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон кумакпулиҳои ҷудошударо инфиродӣ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвар хоҳанд расонд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Барои ҳар 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд, аз хазинаи захиравии президенти кишвар 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
"Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт", - изҳор дошт манбаъ.
Бояд гуфт, ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо, куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Чанде пеш мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳ 440 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Барои қадршиносии ду иштирокчии ҶБВ имсол аз ҷониби раиси вилоят 50 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шудаастт, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин, ба 39 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ низ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.
Ба иттилои Шӯро, то имрӯз дар Тоҷикистон 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.