“Охирин аз насли қаҳрамонон”: қиссаи Бозор Нағзибеков, собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ

Обуна шудан
Эксклюзив
Бозор Нағзибеков, охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз пойтахти Тоҷикистон, комилан тасодуфӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт
Вай минҳайси масъули сиёсӣ бояд сарбозонро ба Сталинобод бадрақа мекард ва ба сари вазифа бармегашт, аммо сарнавишт як рӯзгори комилан мутафовитеро барояш ба армуғон овард.
Борон Нағзибекови ҳоло 100-сола ба ёд меорад, ки соли 1944, замоне ки ӯ котиби якуми комсомоли ноҳияи Қалъаи Хумб буд, зимистон хеле сард омад.
“Ҳамон сол ба ман аз марказ дастур доданд, ки навсарбозонро ба Душанбе ҳамроҳӣ ва ба комиссиарти ҳарбӣ муаррифӣ кунам. Аз қазо вақте ба пойтахт расидем, мутаваҷҷеҳ шудем, ки поҳои ду навсарбозро хунук задааст. Вақте вазъро ба комиссариати ҳарбӣ гузориш додам, чандон хуш нашуданд,” – гуфт Борон Нағзибеков.
Вай қарор дод худ ихтиёрӣ ба ҷои яке аз сарбозон ба хидмати ҳарбӣ равад.
Ҳаёташро ба ҷустуҷӯи сарбозони гумшуда бахшид: қиссаи собиқадори ҷанг дар Тоҷикистон
“Рафтам ба Кумитаи Марказии комсомоли ҷумҳурӣ ва ариза додам, ки маро аз вазифа сабукдӯш кунанд, чун мехоҳам ба сафи артиш равам. Ҳайрон шуданд, аммо пазируфтанд. Ва ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза додам. Ин ҷо ҳам ҳайрон шуданд, ки як вазифаи давлатиро раҳо карда меравам. Аммо ман аз он интихоби худ то ба ҳол розиям”, - гуфт собиқадори 100-сола.
Бозор Нағзибеков соли 1926 дар маҳаллаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад. Вақте шашмоҳа буд, падараш Шодмонро тағоияш ҳамроҳ ба сохтмони Канали Вахш бурд ва ӯ дар тарбияи бобову бибиаш қарор гирифт.
“Он замон дар кӯҳистон зиндагӣ вазнин буд. Фақр ҳама ҷо ҳукм меронд. Мо бо хеле азобҳо бузург шудем. Хеле сарсониҳо кашидем”, - ба ёд меорад бобои Бозор.
Соли 1934 бобояш ӯро ба Бартанг бурд ва пас аз як сол баргаштанд Рӯшон. Баъдтар ба Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ ва аз он ҷо ба рустои Фазуди ноҳияи Шуғнон рафт ва он ҷо шомили мактаб шуд. Пас аз синфи чаҳорум ба рустои Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон ба интернат рафта, мактабро то синфи шашум хонд.
Қаҳрамони 65-уми фаромӯшшудаи ИҶШС Борис Шмелев ва корнамоии ӯ
“Як орзу доштам, ки хонам. Моҳи августи соли 1941, вақте синфи шашумро хатм кардем, як гуруҳро барои таҳсил дар Сталинобод ҷамъ оварданд. Ман ҳам шомили он шудам. Моро ба омӯзишгоҳи касбии рақами 1-и Сталинобод (ҳоло Душанбе) бурданд. Он ҷо ман ихтисоси барқчӣ (электромонтёр)-ро интихоб кардам”, - мегӯяд бобои Бозор.
Моҳи феврали соли 1942 пас аз хатми омӯзишгоҳ ӯ бо роҳхати комсомол ба сохтмони Комбинати нассоҷии Душанбе рафт ва дар сохтмони маркази барқу гармидиҳии он иштирок кард.
“Як рӯз, соли 1943 буд, аз Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон маро даъват карда, гуфтанд, ки бояд барои кор ба Тавилдара равам. Ду нафари дигар ҳам буданд. Ҳамин тавр, ба Тавилдара омадам ва сармуҳосиби колхози ба номи Максим Горкийи рустои Сабзхарф шудам”, - гуфт собиқадори 100-сола.
Ӯ нақши бузурге дар сару сомон додани корҳои колхоз иҷро кард. Яке аз рӯзҳои сентябри соли 1944 котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Тавилдара ӯро даъват карда, гуфт, ки вайро котиби якуми комсомоли ноҳияи Қалъаи Хумб таъин кардаанд.
“Азбаски дар он замон афроди таҳсилёфта кам буданд, мо – таҳсилёфтаҳо - ҳамеша таҳти назари марказ қарор доштем ва сари мо барои пешбурди корҳои давлатӣ ҳисоб мекарданд”, - ба ёд меорад бобои Бозор.
Он солҳоро наметавон бидуни ёдоварии ҷанги миёни Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ ба тасвир кашид. Руҳи ҷанг ҳама ҷоро фаро гирифта буд, аз ҷумла кӯҳистони Тоҷикистонро. Маъракаи ҷалбу ҷазби сарбоз дар саросари кишвар дар авҷ буд.
Дар ёд дошта бошанд, ё андешаҳои як тоҷик дар бораи даҳшатноктарин ҷанги таърих
Ба қавли бобои Бозор Нағзибеков, ҷавононе, ки ба синни аскарӣ мерасиданд, аксаран худашон довталабона ба комиссариятҳои ҳарбӣ муроҷиат карда, ба ҷанг мерафтанд.
“Аксарияти кулл ихтиёриҳо буданд. Кори мо, масъулини ҳизбу комсомол ин буд, ки эъзоми онҳо ба марказро таъмин кунем. Ва моҳи ноябри соли 1944 ман ҳамчун масъули сиёсӣ бо иттифоқи як лейтенанти калон, ки аз Душанбе омада буд, гуруҳи навсарбозонро ба Душанбе ҳамроҳӣ кардем”, - ба ёд меорад ӯ.
Ва рӯзгор он гуна чархид, ки худи ӯ ба Артиши Сурх пайваст. Вай нахуст шаш моҳ дар шаҳри Чкаловск (ҳоло Оренбург) аз омодагии ҳарбӣ гузашт ва моҳи феврали соли 1945 ба ихтиёри ҳайати махсуси фармондеҳии Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуд.
“Он ҷо чун диданд, ки ман як шахси таҳсилкарда ва дар умури моливу таъминотӣ таҷриба дорам, гуфтанд, ки ба чунин як кадр сахт эҳтиёҷ доранд. Маро ба умури таъминоти ҷабҳа фиристоданд”, - мегӯяд бобои Бозор.
Ҳамин тавр, вай ба шаҳри Уфа, маркази Бошқирдистони имрӯза, омад ва масъулияти анбори ҳарбии №571- и Гурӯҳи №290-ро ба дӯш гирифт. Кори ин гуруҳ қабул, танзим ва ирсоли борҳои стратегии ҳарбӣ, ба шумули либоси низомӣ, маводи ғизоӣ, аслиҳа ва ғайра буд. Ҳавзаҳои ҳарбӣ ва ҷабҳаҳои ҷанг бояд саривақт ва бехатар таъмин мешуданд.
“Як кори хеле сангин буд. Ҳама чӣ дона ба дона ҳисоб мешуд. Агар камбуд ё ягон чӣ гум мешуд, ҳамаро ба по мехезонданд. Агар хато мекардӣ, сахт муҷозот мешудӣ. Интизоми оҳанӣ буд. Борҳо бо муҳофизати шадид тақсим ва интиқол меёфтанд. Ба қаторҳо ҳамла мекарданд, ҳам душманон ва ҳам одамон, ки аз гуруснагӣ ба ҷон омада буданд. Худо он рӯзҳоро ба душманатон нишон надиҳад”, - ба ёд меорад собиқадори 100-сола.
Бозор Нағзибеков то ин ки ба Тоҷикистон баргардад, то соли 1947 хизматро дар Уфа идома дод. Вай соли 1949 Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро хатм намуд ва дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ фаъолият кард – шуруъ аз котиби кумитаи вилоятии комсомол дар умури кадрҳои вилояти Ғарм то раҳбари ташкилоти ҳизбии МТС.
Хотирае аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон
Баъдҳо ба соҳаи худаш - хоҷагии халқ баргашт ва солҳо раҳбарии артели "Қизил Тоҷикистон", комбинати хӯрокворӣ, фабрикаи "Шириниҳои миллӣ" ва инчунин чойхонаи "Роҳат"-ро дар Душанбе ба ӯҳда дошт. Барои хизматҳояш дар назди Ватан бо медали “Барои Ғалаба бар Олмони фашистӣ" ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Дар ин миён ӯ тавонист зиндагии шахсии худро сару сомон дода, шаш фарзандро ба камол расонад. Ҳоло ӯ бобои 18 набера ва бобокалони 22 абера аст.
Аммо хотироти даврони ҷанг ва қаҳрамониҳои нотакрори мардуми Шӯравӣ бо вуҷуди гузашти 80 сол дар хотираҳои ӯ дурахши дигар доранд. Ҳоло ӯ яке аз 8 нафар дар Тоҷикистон ва танҳо собиқадори он ҷанги ҳамосӣ дар Душанбе аст, ки он насли қаҳрамонро муаррифӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0