Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ 1 млрд доллар сармоягузорӣ ҷалб мекунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкСолнечная электростанция.
Солнечная электростанция. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки, лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар равона шудааст
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар "Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Руфтоб" дар бораи лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо ва истифодабарандагони дигари энергия бо панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 2000 Мвт" ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди энергетикаи "сабз", ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ, таъмини истифодаи самараноки неруи офтоб, ташкили механизми устувори ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи офтобӣ ва фароҳам овардани шароити устувори иқтисодӣ равона гардидааст.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки татбиқи лоиҳа ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040 мутобиқ буда, ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия, рушди энергетикаи "сабз" ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои воридотӣ равона шудааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳа:
иқтидори иловагии энергетикӣ дар ҳаҷми 2000 МВт бунёд мегардад;
истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ба 3,5 млрд кВт.соат мерасад;
зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад;
сармоягузории мустақим дар ҳаҷми то 1 миллиард доллари ИМА ҷалб мегардад;
партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, вазъи экологӣ беҳтар мегардад.
Ҳамзамон, лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳо мустақилона бо нерӯи барқ таъмин гардида, барзиёдии истеҳсол ба шабака интиқол дода шавад.
Солнечные панели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2026
Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Ашт: Сарвазир шахсан аз рафти сохтмон шинос шуд
Қайд карда шудааст, ки ин иқдом ба кам намудани сарбории шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тибқи созишнома, на камтар аз 80% кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0