https://sputnik.tj/20260308/bunyod-nerugohi-barqi-oftobi-asht-sarvazir-sokhtmon-1075856685.html
Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Ашт: Сарвазир шахсан аз рафти сохтмон шинос шуд
Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Ашт: Сарвазир шахсан аз рафти сохтмон шинос шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд 08.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-08T16:51+0500
2026-03-08T16:51+0500
2026-03-08T16:51+0500
дар тоҷикистон
сарвазир
нерӯгоҳи офтобӣ
энергетика
ашт
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074817111_10:0:625:346_1920x0_80_0_0_03e3850e7f1a65a9e8bd493516feb418.jpg
ДУШАНБЕ, 8мар - Sputnik. Дар ноҳияи Ашт бо арзиши 125 миллион доллар неругоҳи барқи офтобӣ бунёд мегардад.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мВт/соат шинос шуд.Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ қариб 600 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Баъди ба истифода додани неругоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.Тавре иброз гардид, дар назар аст, ки ояндаи наздик васлу насби панелҳои офтобӣ оғоз гардад.Қоҳир Расулзода бунёди неругоҳҳои офтобиро қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат номида, барои тавсеаи кор ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20251027/sokhtmoni-nerugohi-barqii-oftobi-dar-vmkb--40-ijro-shudaast-1072463463.html
ашт
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074817111_87:0:548:346_1920x0_80_0_0_1368062e506c0c3e98a8e1b236778f5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сарвазир, нерӯгоҳи офтобӣ, энергетика, ашт, суғд
дар тоҷикистон, сарвазир, нерӯгоҳи офтобӣ, энергетика, ашт, суғд
Бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар Ашт: Сарвазир шахсан аз рафти сохтмон шинос шуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 8мар - Sputnik. Дар ноҳияи Ашт бо арзиши 125 миллион доллар неругоҳи барқи офтобӣ бунёд мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мВт/соат шинос шуд.
“Ин неругоҳ барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ дар 750 гектар сохта шуда, арзиши лоиҳавии он 125 миллион долларро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ қариб 600 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Баъди ба истифода додани неругоҳ 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Тавре иброз гардид, дар назар аст, ки ояндаи наздик васлу насби панелҳои офтобӣ оғоз гардад.
Қоҳир Расулзода бунёди неругоҳҳои офтобиро қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии мамлакат номида, барои тавсеаи кор ба масъулон дастуру супоришҳо дод.