Коршинос: Агар Арманистон аз ИИАО хориҷ шавад, тақрибан 25% ММД-и худро аз даст медиҳад

© Sputnik / Евгений БиятовПанорамный вид на город Ереван
Панорамный вид на город Ереван  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Обуна шудан
Коршиноси рус гуфт хориҷ шудани Арманистон аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё барои иқтисоди ин кишвар чӣ паёмадҳо ба бор хоҳад овард
ДУШАНБЕ, 7 мая - Sputnik. Бо хориҷ шудан аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), Арманистон метавонад тақрибан 25% ММД-и худро аз даст диҳад ва маҳсулоти истеҳсолкунандагони арманӣ дигар дар Иттиҳодияи Аврупо талабот нахоҳанд дошт.
Дар ин бора Юрий Мавашев, шарқшинос ва ӯстоди кафедраи сиёсати ҷаҳонӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ дар Академияи иқтисоди миллӣ ва мудирияти давлатии Русия (РАНХиГС) ба "Российская газета" изҳори назар кард.
Рӯзи сешанбе расонаҳо хабар доданд, ки зимни брифинг дар Ереван бо раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, сарвазири Арманистон Никол Пашинян аз посухи мустақим ба саволи рӯзноманигорон дар бораи он ки оё кишвар аз ИИАО барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо хориҷ мешавад ё на, худдорӣ кардааст.
"Хуруҷи Арманистон аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба Ереван зарари бештар мерасонад ва тақрибан 25%-и ММД-и ин кишварро аз байн мебарад. Ғайр аз ин, аврупоиҳо омода нестанд, ки амнияти Ереванро ройгон маблағгузорӣ кунанд. Ин маънои онро дорад, ки Арманистон, ки бо Озарбойҷон ва Туркия иҳота шудааст, дар хатари калон қарор дорад. Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки бозори Аврупо умуман ба молҳои арманӣ ниёз надорад. Аммо, истеъмолкунандагони мо бо маҳсулоти арманӣ хуб ошно ҳастанд ва ба онҳо баҳои баланд медиҳанд", - гуфт Мавашев.
Производство лекарств на фармацевтическом предприятии Оболенское. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2026
Бозори дорусозии ИИАО ба сатҳи нави ҳамгироӣ расид
Вай қайд кард, ки "дурнамои стратегии ҳамкорӣ байни ИА ва Арманистон вуҷуд надорад". "Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, арманиҳо ва аврупоиҳо аз ҳамдигар дуранд. Боқимонда бештар ба вазъият вобаста аст", - қайд кард коршинос.
Лентаи хабарҳо
0