Бозори дорусозии ИИАО ба сатҳи нави ҳамгироӣ расид

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПроизводство лекарств на фармацевтическом предприятии "Оболенское".
Производство лекарств на фармацевтическом предприятии Оболенское. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2026
Обуна шудан
Дар конфронси солонаи илмӣ-амалӣ амалҳои танзимкунанда ва бақайдгирии доруҳо дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Бозори умумии дорусозии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба сатҳи нави ҳамгироӣ расид.
Он бар асоси қонуни такмилёфтаи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё асос ёфтааст.
Дар ин бора вазири танзими техникии ИИАО Александр Субботин хабар дод.
Вазир дар конфронси "Амалияи танзим ва бақайдгирии доруҳо – РегЛек -2026", ки дар Маскав баргузор шуд, гузориш дод.
Ин яке аз чорабиниҳои калидии солона дар соҳаи дорусозӣ мебошад, ки дар он иштирокчиёни бозор ва танзимгарони кишварҳои ИИАО масъалаҳои муҳими марбут ба гардиши доруҳоро баррасӣ мекунанд.
"Таҷрибаи ҷамъшуда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба мо имкон медиҳад, ба марҳилаи дигар, ки ба баланд бардоштани самаранокии расмиёти бақайдгирӣ ва таъмини фаъолияти устувори бозори умумии доруҳо дар ИИАО нигаронида шудааст, гузарем", - таъкид кард Субботин.
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2026
Тақвияти ҳамгироии ИИАО ва Узбекистон дар бахши логистика
Вай махсусан ба самтҳои асосии такмили чаҳорчӯбаи танзимкунандаи Иттиҳод тамаркуз кард.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0