Раиси вилояти Хатлон барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 75 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкГеоргиевская ленточка на кителе ветерана Великой Отечественной войны.
Георгиевская ленточка на кителе ветерана Великой Отечественной войны. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Обуна шудан
Дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирокчиёни ҶБВ дар солҳои 1941-1945 5 нафар боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 7 имая - Sputnik. Ба куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, ҳамасола дар арафаи 9 май Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Роҳбари давлат ва раиси вилояти Хатлон кӯмакпулӣ расонида мешавад.
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон ҳоло дар вилоят панҷ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебарад.
Бохтар - Сафаралӣ Файзалиев,
Ҷайҳун - Ҳабиб Сафаров,
Ҷалолиддини Балхӣ - Машраб Давлатов,
Абдураҳмони Ҷомӣ - Гулмурод Тағоев
Ховалинг - Яҳё Мирзоев.
Қайд карда шудааст, ки аз ин панҷ нафар се нафарашон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ду нафарашон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.
Қайжд карда шудааст, ки имсол аз ҷониби раиси вилояти Хатлон барои куҳансарбозон 75 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.
Китель с медалями ветерана Великой Отечественной войны на военном параде в Казани, посвященном 73-й годовщине Победы в Великой Отечественной войне.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2026
Ҳаҷми кӯмакпулии Раҳмон ба куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум шуд
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон барои 8 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки феълан дар қайди ҳаётанд 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.
"Президент фармони кумакпулӣ ба куҳансарбозонро имзо кард ва акнун ҳар яки онҳо то 9 май ин миқдор маблағро хоҳанд гирифт", - изҳор дошт Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ.
Чанде пеш мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳ 440 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки айни замон дар вилоят ҳамагӣ 2 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳарду сокини ноҳияи Деваштич мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0