Корхонаи “Зарафшон” дар дарёи Моғиён Нерӯгоҳи барқи обии хурд бунёд мекунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВвод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте
Ввод в эксплуатацию Сарбандской ГЭС в Леваканте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Панҷакент ва роҳбарияти корхонаи муштараки “Зарафшон” сохтмони иншооти энергетикӣ, кишоварзӣ ва саноатиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Корхонаи муштараки “Зарафшон” ният дорад дарёи Моғиён Нерӯгоҳи барқи обии хурд бунёд кунад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Шаҳри Панҷакент бо яке аз калонтарин корхонаҳои саноати кӯҳии кишвар - корхонаи муштараки “Зарафшон”, ки дар ғанӣ гардонидани буҷет ва ҳалли масоили иҷтимоӣ нақши босазо дорад, ҳамкории густарда ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи иттилои мақомоти шаҳри Панҷакент, ахиран масаъалаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо директори генералии ин корхонаи азими саноатӣ баррасӣ карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар сӯҳбат масъалаҳои васеъ намудани истеҳсолот, бунёди коргоҳи нави коркарди маъдан, партовгоҳи ҷадид дар ҳудуди корхона, таъмиру таҷдиди роҳ аз шаҳраки Суғдиён то конҳои истихроҷи маъдан, баррасӣ шуд.
Председатель Согдийской области Раджаб Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2026
Аҳмадзода аз корхонаи тиллои Зарафшон хост истеҳсолро ба 10 млрд расонад
Ҳамчунин тарафҳо дар масоили идомаи бунёди нақб дар маҷрои шохоби дарёи Моғиён ва бунёди НОБ-и хурд, насби панелҳои офтобӣ, рушди бахши кишоварзӣ дар корхона, саҳмгузории минбаъда дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бунёди мактабу кӯдакистон, вусъат бахшидани таҷдиди пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Косатарош, ки бо маблағгузории корхона сурат мегирад, мусоидат барои ҷудо намудани замин ва дигар масъалаҳо табодули назар карданд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот идомаи минбаъдаи ҳамкориҳо барои рушди истеҳсолот дар корхона ва ҳалли масоили иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи истихроҷи тилои "Зарафшон", ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро тавлид мекунад, барои ҳукумат аҳамияти хос дорад.
Лентаи хабарҳо
0