Аҳмадзода аз корхонаи тиллои Зарафшон хост истеҳсолро ба 10 млрд расонад

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаб Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаб Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2026
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд корхона дар зарфи 11 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маротиб афзоиш дода шумораи кормандон ва сатҳи музди меҳнатро низ боло бурдааст
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо мудири кулли корхонаи “Зарафшон” гуфт, ки корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент саҳми назаррас дорад.
Вай гуфт фаъолияти пурсамари корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки “Зарафшон”, дар татбиқи барномаҳои созанда ва рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад.
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхона ба 7,9 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 2,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти корхона дар 11 соли охир собит кардааст, ки ҳамзамон бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол шумораи кормандон ва сатҳи музди меҳнати онҳо низ мунтазам боло рафтааст.
“Ин дастовардҳо гувоҳи онанд, ки роҳбарияти корхонаи муштараки “Зарафшон” бо дастгириҳои давлатӣ, истифодаи оқилонаи иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузорад”, - зикр кард Раҷаб Аҳмадзода.
Золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2025
Бонки миллӣ бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот тило ба фурӯш баровардааст
Оқои Аҳмадзода таъкид кард, ки Чун солҳои гузашта, соли равон низ дар назди корхонаҳои азими саноатӣ уҳдадориҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот гузошта мешаванд.
Вай азмақомоти корхонаи “Зарафшон” талаб кард, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 10 миллиард сомонӣ расонад.
ҶДММ КМ "Зарафшон" моҳи сентябри соли 1994 таъсис ёфтааст. 75% саҳмияҳои корхона ба ширкати чинии “Zijin Mining Group Co. Ltd” ва 25% ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Корхона бузургтарин конҳои тилои Тоҷикистон – “Тарор” ва “Ҷилав”-ро, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгиранд, коркард мекунад.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0