https://sputnik.tj/20260429/maqomot-sokinon-kharid-istemoli-mahsulot-garmo-hushyor-1077162768.html
Даъвати мақомот аз сокинон: Дар хариду истеъмоли маҳсулот дар фасли гармо ҳушёр бошед
Даъвати мақомот аз сокинон: Дар хариду истеъмоли маҳсулот дар фасли гармо ҳушёр бошед
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо ҳушдор додааст
2026-04-29T11:59+0500
2026-04-29T11:59+0500
2026-04-29T12:59+0500
дар тоҷикистон
маҳсулоти пастсифат
ғизо
тандурустӣ
сироят
ҳавои гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921643_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_5ebfc88f65a3bbcb06c4c1c3ca0c0a8d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ шаванд худдорӣ намоняд.Вазорат ҳушдор додааст, ки бо фаро расидани фасли гармо хатари вайроншавии маҳсулоти тезвайроншаванда ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ меафзояд.Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки ба гурӯҳи маҳсулоти хавфнок гӯшт, моҳӣ, шир, тухм ва таомҳои тайёр дохил мешаванд.Вазорат аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки аз истеъмоли чунин маҳсулот, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла салмонеллёз, дизентерия ва гепатити "А" гардад худдорӣ намоянд.Қайд карда шудааст, ки барои вайрон кардани талаботи санитарӣ қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.Вазорат аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки маҳсулотро танҳо аз нуқтаҳои расмӣ харидорӣ намуда, ба сифат ва шароити нигоҳдорӣ аҳамият диҳанд.“Риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи оби тоза кафолати ҳифзи саломатист”, - қайд кардааст вазорат.
https://sputnik.tj/20260210/tojikiston-buja-muboriza-bemorihoi-vnmo-silro-1075141996.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921643_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_73ea9679edd53b7f25ff876ec3b077f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҳсулоти пастсифат, ғизо, тандурустӣ, сироят, ҳавои гарм
дар тоҷикистон, маҳсулоти пастсифат, ғизо, тандурустӣ, сироят, ҳавои гарм
Даъвати мақомот аз сокинон: Дар хариду истеъмоли маҳсулот дар фасли гармо ҳушёр бошед
11:59 29.04.2026 (Навсозишуда: 12:59 29.04.2026) Вазорати тандурустии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз истеъмоли маҳсулоти тезвайроншаванда дар фасли гармо, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ шаванд худдорӣ намоняд.
Вазорат ҳушдор додааст, ки бо фаро расидани фасли гармо хатари вайроншавии маҳсулоти тезвайроншаванда ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ меафзояд.
“Баланд шудани ҳарорат ба афзоиши микробҳои бемориовар мусоидат намуда, метавонад боиси заҳролудшавии ғизоӣ гардад”, - қайд кардааст вазорат.
Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки ба гурӯҳи маҳсулоти хавфнок гӯшт, моҳӣ, шир, тухм ва таомҳои тайёр дохил мешаванд.
“Фурӯши онҳо дар ҷойҳои номуносиб — кӯчаҳо, роҳравҳо ва бозорҳои ғайрирасмӣ — қатъиян манъ буда, ба саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ дорад”, - зикр кардааст ин ниҳод.
Вазорат аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки аз истеъмоли чунин маҳсулот, ки метавонад боиси бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла салмонеллёз, дизентерия ва гепатити "А" гардад худдорӣ намоянд.
Қайд карда шудааст, ки барои вайрон кардани талаботи санитарӣ қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.
Вазорат аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки маҳсулотро танҳо аз нуқтаҳои расмӣ харидорӣ намуда, ба сифат ва шароити нигоҳдорӣ аҳамият диҳанд.
“Риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи оби тоза кафолати ҳифзи саломатист”, - қайд кардааст вазорат.