Тоҷикистон ҳамасола буҷаи мубориза бо бемориҳои ВНМО ва силро то 10% афзоиш медиҳад

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкРабота вирусологической лаборатории. Иллюстративное фото
Работа вирусологической лаборатории. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2026
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ВНМО ва сил дар кишвар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мулоқот бо Намояндаи доимии Барномаи Ррушди СММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ аз пешрафти назаррас дар коҳиши ҳолатҳои гирифторӣ ба ВНМО ва сил дар Тоҷикистон қайд кард.
Вай гуфт, коҳиши гирифтори ба ВНМО ва сил дар ҳудуди Тоҷикистон тавассути ҳамкории зич бо Барномаи рушди СММ ва дигар шарикони рушд ба даст омадааст.
“Буҷет барои барномаҳои ВНМО ҳамасола беш аз 10% ва маблағгузорӣ барои барномаҳои сил 7% афзоиш меёбад”, - таъкид кард Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар ҳамин ҳол, Судипто Мукерҷӣ дар ин дидор афзуд, ки соли гузашта бори аввал Ҳукумати Тоҷикистон хариди дорувории зиддиретровирусӣ ва тестҳои ташхиси барвақтии ВНМО-ро барои навзодон бо дастгирии техникии БРСММ маблағгузорӣ кард.
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2025
Дар Хатлон 283 нафар гирифтори ВНМО шудаанд
Ёдовар мешавем, ки БРСММ бо ташаббусҳои гуногуни марбут ба тандурустӣ дар зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон фаъолият мебарад.
Бояд гуфт, ки қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки қисми зиёди ҳолатҳои нави сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бақайд гирифта шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ ва бе истифода аз рифола сироят ёфтаанд.
Вазорат зикр карда буд, ки муҳимтарин нерӯи зидди ВНМО - огоҳии ҷомеа аст. Сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, гузаштан аз ташхис, дастрасии умумиҷаҳонӣ ба табобат ва паст шудани сарбории вирусӣ миёни гирифторон метавонад эпидемияро боздорад.
Ҳамчунин вазорат таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон табобати зиддиретровирусӣ (ТЗРВ) аз соли 2006 ройгон пешниҳод мешавад ва давлат иҷрои ин кафолатро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Ҳар шахси сироятёфта имконият дорад, ки вобаста ба зарурат табобати ройгон гирад.
Лентаи хабарҳо
0