https://sputnik.tj/20260424/laghvi-tahrimhoi-ia-bonkhoi-tojikiston-1077062397.html
Лағви таҳримҳои ИА аз бонкҳои Тоҷикистон – шарҳи мақомот
Лағви таҳримҳои ИА аз бонкҳои Тоҷикистон – шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон лағви таҳримҳои бонкҳои кишвар аз сӯи Иттиҳоди Аврупоро гоме мусбат арзёбӣ кард
2026-04-24T14:51+0500
2026-04-24T14:51+0500
2026-04-24T14:51+0500
дар тоҷикистон
бонк
бонки миллӣ
таҳрим
иттиҳоди аврупо
лағв
молия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047643634_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_1c06de089c7785cfd88ab40e277f7788.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Қариб ним соли пеш Иттиҳодияи Урупо се бонки бузурги Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби вазъи таҳримҳо алайҳи Русия таҳим карда буд.Дар шарҳи лағви таҳримҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки хориҷ шудани бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро гоме мусбат ва мантиқӣ медонанд.Ин манбаъ афзуд, вақте масъулини Иттиҳоди Аврупо далоили моро ба баррасӣ гирифтанд ва бо асноди расмӣ шинос шуданд, мутмаин шуданд, ки тариқи бонкҳои мо ҳеҷ тахаллуфе сурат нагирифтааст.Иттиҳодияи Урупо дар таърихи 23 октябри 2025 алайҳи се бонки Тоҷикистон – “Душанбе сити” (Dushanbe City Bank), “Спитамен” (Spitamen Bank) ва “Камертсбанк” (Commerce Bank of Tajikistan) - ба гумони кӯмак дар давр задани таҳримҳо алайҳи Русия таҳрим вазъ карда буд.Ин тасмим дар чорчӯби бастаи нуздаҳуми таҳримҳо алайҳи Русия иттихоз шуд ва ба таври расмӣ дар 12 ноябри 2025 ба иҷро даромад. Дар пайи он ширкатҳо ва ашхоси воқеӣ аз Иттиҳодияи Урупо аз анҷоми муомилот бо ин бонкҳо манъ шуданд.23 апрели 2026 Бонки миллии Тоҷикистон дар веб-сайти худ эълон кард, ки бонкҳои мазкур аз феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо хориҷ шуданд. Акнун бонкҳо ба ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар риволи одӣ бозгаштанд.
https://sputnik.tj/20260211/bonki-milli-bonkho-tojikiston-ruykhati-tahrimi-avrupo-1075184928.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0e/1047643634_108:0:2839:2048_1920x0_80_0_0_70eb5b74007ff781a22c0d8618e1b399.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонк, бонки миллӣ, таҳрим, иттиҳоди аврупо, лағв, молия, русия
дар тоҷикистон, бонк, бонки миллӣ, таҳрим, иттиҳоди аврупо, лағв, молия, русия
Лағви таҳримҳои ИА аз бонкҳои Тоҷикистон – шарҳи мақомот
Эксклюзив
Бонки миллии Тоҷикистон лағви таҳримҳои бонкҳои кишвар аз сӯи Иттиҳоди Аврупоро гоме мусбат арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Қариб ним соли пеш Иттиҳодияи Урупо се бонки бузурги Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби вазъи таҳримҳо алайҳи Русия таҳим карда буд.
Дар шарҳи лағви таҳримҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки хориҷ шудани бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро гоме мусбат ва мантиқӣ медонанд.
“Як гуруҳи кории мо қариб ним сол ба Брюссел рафта, тамоми асноди заруро пешниҳод ва собит кард, ки ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, ҷанбаи сирф тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ дорад. Маболиғе, ки тариқи ин бонкҳо раддубадал мешаванд, мустанад, шаффоф ва қонунӣ ҳастанд”, - гуфтанд дар Бонки миллии Тоҷикистон.
Ин манбаъ афзуд, вақте масъулини Иттиҳоди Аврупо далоили моро ба баррасӣ гирифтанд ва бо асноди расмӣ шинос шуданд, мутмаин шуданд, ки тариқи бонкҳои мо ҳеҷ тахаллуфе сурат нагирифтааст.
“Мо хориҷ шудани бонкҳои Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро як таҳаввули бесобиқа дар ҳамчунин қазияҳои таърих меҳисобем”, - гуфт манбаъ.
Иттиҳодияи Урупо дар таърихи 23 октябри 2025 алайҳи се бонки Тоҷикистон – “Душанбе сити” (Dushanbe City Bank), “Спитамен” (Spitamen Bank) ва “Камертсбанк” (Commerce Bank of Tajikistan) - ба гумони кӯмак дар давр задани таҳримҳо алайҳи Русия таҳрим вазъ карда буд.
Ин тасмим дар чорчӯби бастаи нуздаҳуми таҳримҳо алайҳи Русия иттихоз шуд ва ба таври расмӣ дар 12 ноябри 2025 ба иҷро даромад. Дар пайи он ширкатҳо ва ашхоси воқеӣ аз Иттиҳодияи Урупо аз анҷоми муомилот бо ин бонкҳо манъ шуданд.
23 апрели 2026 Бонки миллии Тоҷикистон дар веб-сайти худ эълон кард, ки бонкҳои мазкур аз феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо хориҷ шуданд. Акнун бонкҳо ба ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар риволи одӣ бозгаштанд.