Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Сабти афзоиши бесобиқаи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкКонтейнерные перевозки грузов в порту Владивостока. Иллюстративное фото
Контейнерные перевозки грузов в порту Владивостока. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2026
Обуна шудан
Тибқи омори рамӣ тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, сарфи назар аз низоъҳо дар минтақаи Халиҷи Форс 50% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 бо ҷаҳиши аҷиб мувоҷеҳ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши тиҷорат маҳз ба давраи оғози ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон рост омадааст.
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе, ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мулоқот кард.
Мақсади асосии ин музокироти дипломатӣ омӯхтани роҳҳои густариш, рушд ва суръат бахшидан ба тиҷорати заминӣ байни ду кишвар буд.
Ду давлате, ки гарчанде робитаҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ доранд, аммо бо ҳамдигар сарҳади мустақими заминӣ надоранд.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, сарфи назар аз авҷ гирифтани ҷанг ва низоъҳо дар саросари минтақаи Халиҷи Форс, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба таври назаррас 50% афзоиш ёфтааст.
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
Ба иттилои омори расмии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ва дар тӯли соли 2025 гардиши тиҷорат байни Эрон ва Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 28% афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гардиши тиҷорати дуҷониба дар семоҳаи аввали соли 2026 тақрибан 120 миллион доллар ташкил додааст, ки аз он саҳми содироти Тоҷикистон ба Эрон каме бештар аз 24 миллион доллар будааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар кулли соли 2025 маҷмӯи гардиши тиҷорати хориҷии худро дар ҳудуди 10,7 миллиард доллар сабт карда буд, ки ин рақам нишондиҳандаи афзоиши 20% афзоиш нисбат ба маҷмӯи тиҷорати соли қабл аз он аст.
Аз ин рақами калон, саҳми воридоти соли 2025 танҳо ҳудудӣ 2,4 миллиард доллар буда, ки ин омор ба равшанӣ нишон медиҳад, нисбати воридот ба содирот барои Тоҷикистон дар соли гузашта тақрибан як ба се (1 ба 3) будааст.
Гуманитарная помощь народу Ирана от республики Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон вориди Эрон шуд
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар нимаи моҳи март бо фиристодани корвони бесобиқаи 107 мошини боркаш ба Эрон бисёре аз нозирони байналмилалиро ба ҳайрат овард. Душанбе, корвонеро бо беш аз 3600 тонна кумаки башардӯстона ва лавозимоти ёрирасонро ба Эрон равон кард, ки дар муқоиса бо сатҳи кумаки кишварҳои дигари минтақа хеле зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0