https://sputnik.tj/20260323/kumakho-bashardustona-tojikiston-vorid-eron-1076244688.html
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон вориди Эрон шуд
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон вориди Эрон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони вилояти Хуросони Разавӣ гуфтанд, ки 107 мошини боркаши ҳомили кумакҳои башардӯстона ахиран аз гузаргоҳи марзии Сарахс бо Туркманистон, вориди ин устон шуд
2026-03-23T09:31+0500
2026-03-23T09:31+0500
2026-03-23T12:21+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
дар тоҷикистон
эрон
кӯмаки башардӯстона
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/12/1076134566_0:56:2048:1208_1920x0_80_0_0_1e5cfbf7b5355532726d9778425fc65f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Мақомдорони вилояти Хуросони Разавӣ гуфтанд, ки мошинҳои боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон пас аз убур аз Узбакистон ва Туркманистон вориди Эрон шуданд.Манбаъ хабар додааст, ки корвони кумакҳои кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон бо ҳузури масъулони устонӣ ва сафир Тоҷикистон ва Туркманистон дар Теҳрон вориди марзи Сарахс шуд.Гумрук ва гузаргоҳи гумрукӣ ва рейлӣ ва ҷодаи Сарахс дар дуртарин минтақаи шимолу шарқии Эрон дар вилояти Хуросони Разавӣ, 185 километр шимолу шарқи Машҳад ҷойгир аст, ки бо Туркманистон ҳамсарҳад аст ва яке аз нуқтаҳои муҳими тиҷорати хориҷӣ ва транзитии кишвар, бахусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона изҳори сипос кард.Вай дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки Эрон Тоҷикистон дар рӯзҳои сахт ва хушӣ ҳамроҳанд.Вай аз ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, бахусус аз президенти кишвар барои кумакҳои саховатмандонаашон самимона изҳори сипос кард.Ё!довар мешавем, ки Тоҷикистон дар пасманзари ҳамалоти Исроил ба ИМА ба Эрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ шуд, ба ин кишвар кумаки башардӯстона фиристод.Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 ҳаз. тонна бор, аз ҷумла:45 тонна доруворӣ,маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ,сару либоси кӯдакона,анвои гуногуни хӯрокворӣ,ашёи рӯзгор,рахти хоб,хаймаҳо,масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуда буд.
https://sputnik.tj/20260318/tojikiston-mardumi-eron-kumak-bashardustona-1076135351.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/12/1076134566_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_7c4c1d13960c8fad68d9d0566c194ba2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, кӯмаки башардӯстона, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, эрон, кӯмаки башардӯстона, иҷтимоъ
Кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон вориди Эрон шуд
09:31 23.03.2026 (Навсозишуда: 12:21 23.03.2026) Мақомдорони вилояти Хуросони Разавӣ гуфтанд, ки 107 мошини боркаши ҳомили кумакҳои башардӯстона ахиран аз гузаргоҳи марзии Сарахс бо Туркманистон, вориди ин устон шуд
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Мақомдорони вилояти Хуросони Разавӣ гуфтанд, ки мошинҳои боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона аз Тоҷикистон пас аз убур аз Узбакистон ва Туркманистон вориди Эрон шуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки корвони кумакҳои кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон бо ҳузури масъулони устонӣ ва сафир Тоҷикистон ва Туркманистон дар Теҳрон вориди марзи Сарахс шуд.
Гумрук ва гузаргоҳи гумрукӣ ва рейлӣ ва ҷодаи Сарахс дар дуртарин минтақаи шимолу шарқии Эрон дар вилояти Хуросони Разавӣ, 185 километр шимолу шарқи Машҳад ҷойгир аст, ки бо Туркманистон ҳамсарҳад аст ва яке аз нуқтаҳои муҳими тиҷорати хориҷӣ ва транзитии кишвар, бахусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона изҳори сипос кард.
Вай дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки Эрон Тоҷикистон дар рӯзҳои сахт ва хушӣ ҳамроҳанд.
“Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари форсизабон ва ворисони тамаддуни қадимаи форсӣ ҳастанд, ки ҳамеша дар замонҳои сахт ва хушӣ бо ҳам буданд”, - гуфт ӯ.
Вай аз ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, бахусус аз президенти кишвар барои кумакҳои саховатмандонаашон самимона изҳори сипос кард.
Ё!довар мешавем, ки Тоҷикистон дар пасманзари ҳамалоти Исроил ба ИМА ба Эрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ шуд, ба ин кишвар кумаки башардӯстона фиристод.
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 ҳаз. тонна бор, аз ҷумла:
маводи зиёди санитарию беҳдоштӣ,
сару либоси кӯдакона,анвои гуногуни хӯрокворӣ,
масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат аст.
Корвони ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон бо 110 мошини пурбор рӯзи 18 март ба ҷониби Эрон раҳсипор шуда буд.