https://sputnik.tj/20260414/iiao-boloravii-mavsimii-narkhho-choraho-1076815962.html
Дар ИИАО барои болоравии мавсимии нархҳо чораҳо андешиданд
Дар ИИАО барои болоравии мавсимии нархҳо чораҳо андешиданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, қайд кард, ки ин имтиёзҳо хусусияти мавсимӣ доранд
2026-04-14T10:41+0500
2026-04-14T10:41+0500
2026-04-14T10:41+0500
ииао
иқтисод
авруосиё
ҳамкорӣ
имтиёз
боҷи гумрукӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075530857_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_eb0e9a4d2b7e573f23c4d436e9f0304c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Дар ИИАО барои ворид кардани бархе намудҳои сабзавот, ки барои фурӯши чакана пешбинӣ шудаанд аз боҷҳои гумрукии воридотӣ озод карда шуданд.Қарори дахлдор дар Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё қабул карда шуд.“Ба бархе намудҳои сабзавот, ки барои фурӯши чакана пешбинӣ шудаанд, имтиёзҳои таруфавӣ дода шуд. Аз ҷумла намудҳои сабзавот аз боҷҳои гумрукии воридотӣ озод карда шуданд”, - қайд кардааст КИАО.Ин иқдом ба хотири афзоиши пешниҳод дар бозори дохилӣ ва пешгирии афзоиши мавсимии нархҳо дар кишварҳои ИИАО гирифта шудааст.Аз боҷҳои гумрукӣ картошка, пиёз, гулкарам ва брокколи, карам, сабзӣ, бодиринг, бодинҷон қаламфури ширин озод карда шуд.Ҳамчунин барои воридоти то 5000 тонна помидор аз хориҷа ба Қирғизистон имтиёзи алоҳида пешбинӣ шудааст.Ин имтиёзҳо то 30 июни соли 2026 — барои аксари сабзавот ва то 31 майи соли 2026 — барои помидорҳои воридотӣ ба Қирғизистон кор хоҳанд кард.Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, қайд кард, ки ин тадбир хусусияти мавсимӣ дорад."Анъанавӣ, дар давраи ғайримавсимӣ, бозори сабзавот тағйироти назарраси нархҳои истеъмолиро аз сар мегузаронад, ки асосан аз сабаби кам шудани молҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад. Ин чора таъминоти иловагиро дар бозори дохилӣ таъмин мекунад ва дастрасии сабзавотро барои аҳолӣ афзоиш медиҳад", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20260413/raqobatpaziri-bakhsh-sanoat-iiao-afzoish-1076794140.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075530857_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f77d41eb572caa56999df70ddb741a6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, авруосиё, ҳамкорӣ, имтиёз, боҷи гумрукӣ
ииао, иқтисод, авруосиё, ҳамкорӣ, имтиёз, боҷи гумрукӣ
Дар ИИАО барои болоравии мавсимии нархҳо чораҳо андешиданд
Вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, қайд кард, ки ин имтиёзҳо хусусияти мавсимӣ доранд
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Дар ИИАО барои ворид кардани бархе намудҳои сабзавот, ки барои фурӯши чакана пешбинӣ шудаанд аз боҷҳои гумрукии воридотӣ озод карда шуданд.
Қарори дахлдор дар Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё қабул карда шуд.
“Ба бархе намудҳои сабзавот, ки барои фурӯши чакана пешбинӣ шудаанд, имтиёзҳои таруфавӣ дода шуд. Аз ҷумла намудҳои сабзавот аз боҷҳои гумрукии воридотӣ озод карда шуданд”, - қайд кардааст КИАО.
Ин иқдом ба хотири афзоиши пешниҳод дар бозори дохилӣ ва пешгирии афзоиши мавсимии нархҳо дар кишварҳои ИИАО гирифта шудааст.
Аз боҷҳои гумрукӣ картошка, пиёз, гулкарам ва брокколи, карам, сабзӣ, бодиринг, бодинҷон қаламфури ширин озод карда шуд.
Ҳамчунин барои воридоти то 5000 тонна помидор аз хориҷа ба Қирғизистон имтиёзи алоҳида пешбинӣ шудааст.
Ин имтиёзҳо то 30 июни соли 2026 — барои аксари сабзавот ва то 31 майи соли 2026 — барои помидорҳои воридотӣ ба Қирғизистон кор хоҳанд кард.
Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, қайд кард, ки ин тадбир хусусияти мавсимӣ дорад.
"Анъанавӣ, дар давраи ғайримавсимӣ, бозори сабзавот тағйироти назарраси нархҳои истеъмолиро аз сар мегузаронад, ки асосан аз сабаби кам шудани молҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад. Ин чора таъминоти иловагиро дар бозори дохилӣ таъмин мекунад ва дастрасии сабзавотро барои аҳолӣ афзоиш медиҳад", - гуфт ӯ.