https://sputnik.tj/20260413/raqobatpaziri-bakhsh-sanoat-iiao-afzoish-1076794140.html
Рақобатпазирии бахши саноат дар ИИАО афзудааст
Рақобатпазирии бахши саноат дар ИИАО афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар конфронси байналмилалӣ мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми рушди молиявӣ дар кишварҳои узви иттиҳод муаррифӣ шуданд
2026-04-13T10:58+0500
2026-04-13T10:58+0500
2026-04-13T12:07+0500
ииао
саноат
рақобатпазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_124f89a4c84cd8c064d40e7a07f698de.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Рақобатпазирии бахши саноат дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар дод. Мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми рушди молиявӣ аз ҷониби Виталий Вовк, муовини директори Департаменти сиёсати саноатӣ, дар конфронси 9-уми байналмилалии "Стратегияҳои иқтисодии ИИАО: Мушкилот ва навовариҳо" муаррифӣ карда шуданд. Ба гуфтаи Вовк, мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми дастгирии молиявии ҳамкории саноатӣ дар доираи ИИАО самаранокии онро нишон медиҳанд.Таъкид мешавад, ки намояндагони нӯҳ кишвар дар муҳокимаи ин масъала ширкат варзиданд. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи ИИАЭ таъсис ёфтааст.Ин иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба ин иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20260409/iiao-huzuri-osiyoi-janubi-gustarish-1076707323.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_123:0:1563:1080_1920x0_80_0_0_4dd82714c2747484d9a171f41c8434bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, саноат, рақобатпазир
ииао, саноат, рақобатпазир
Рақобатпазирии бахши саноат дар ИИАО афзудааст
10:58 13.04.2026 (Навсозишуда: 12:07 13.04.2026) Дар конфронси байналмилалӣ мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми рушди молиявӣ дар кишварҳои узви иттиҳод муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Рақобатпазирии бахши саноат дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар дод.
Мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми рушди молиявӣ аз ҷониби Виталий Вовк, муовини директори Департаменти сиёсати саноатӣ, дар конфронси 9-уми байналмилалии "Стратегияҳои иқтисодии ИИАО: Мушкилот ва навовариҳо" муаррифӣ карда шуданд.
"Ин ҳама натиҷаи кори ҳамоҳангшудаи тиҷорат ва мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад. Бо ин роҳ, мо вазифаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши саноатро дар кишварҳои узви иттиҳод ва таблиғи маҳсулоти худро дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ иҷро мекунем", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Вовк, мисолҳои муваффақонаи татбиқи механизми дастгирии молиявии ҳамкории саноатӣ дар доираи ИИАО самаранокии онро нишон медиҳанд.
Таъкид мешавад, ки намояндагони нӯҳ кишвар дар муҳокимаи ин масъала ширкат варзиданд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи ИИАЭ таъсис ёфтааст.
Ин иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба ин иттиҳодро баррасӣ мекунад.