Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ-и Русия гуфт барои аз сар гирифтани муколама дар бораи Украина чӣ лозим аст

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПосол по особым поручениям МИД России по преступлениям киевского режима Родион Мирошник во время интервью агентству РИА Новости.
Посол по особым поручениям МИД России по преступлениям киевского режима Родион Мирошник во время интервью агентству РИА Новости. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, барои азсаргирии музокирот розигии се тараф зарур аст
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Аз ҷониби Русия барои азсаргирии музокирот дар бораи Украина ягон монеа ё таъхир вуҷуд надорад.
Ин андешаро Родион Мирошник, сафири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба ҷиноятҳои режими Киев, изҳор дошт.
"Дар ҳар сурат, ман боварӣ дорам, ки аз ҷониби Русия дар аз нав оғоз кардани музокирот ягон монеа ё таъхир нахоҳад буд", - гуфт Мирошник ба "Известия".
Мирошник қайд кард, ки барои анҷом додани музокирот дар ин формат розигии се тараф зарур аст. Ба гуфтаи сафир, ҳоло аксари иқдомот аз қарори Иёлоти Муттаҳида ки онро дар музокирот бо Эрон кӣ намояндагӣ мекунад, вобаста аст.
Вай равшан кард, ки агар инҳо ҳамон музокиракунандагон бошанд, ин лаҳза метавонад "то андозае ба таъхир афтад, ки дар айни замон монеаи асосӣ барои идома ё пешбурди музокирот оид ба ҳалли масъала дар Украина эҷод намекунад".
Вице-президент США Джей Ди Вэнс выступает с речью на мероприятии, посвященном Дню дружбы в спортивном парке МТК в Будапеште, Венгрия, 7 апреля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА дар бобати ҳалли низоъи Украина хушбин аст
Қаблан, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки раванди гуфтушунид оид ба Украина айни замон боздошта шудааст ва ИМА афзалиятҳои дигаре дорад.
Аз аввали сол инҷониб, ҳайатҳои Русия ва Украина бо иштироки ИМА се даври гуфтушунидро баргузор карданд. Охиринаш 17-18 феврал дар Женева баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0