Лавров дар бораи идомаи тамосҳо оид ба масъалаи Украина изҳори назар кард

© Sputnik / Юрий Кочетков / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия ахиран гуфт, ки тамосҳо дар бораи Украина идома доранд
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки тамосҳо дар масъалаи Украина идома доранд, аммо ҷониби Русия муддатест иқдомҳо дар бораи аз нав оғоз кардани муколамаро надидааст.
Вай гуфт , миёнҷигарони амрикоӣ ҳоло бо дигар масъалаҳо банд ҳастанд.
"Тамосҳои мо дар масъалаи Украина ба таври ғайрирасмӣ ва махфӣ идома доранд ва муддати тӯлонӣ мо ягон имкони мушаххасе барои аз нав оғоз кардани муколамаро надидем. Миёнҷигарон, ҳамкорони амрикоии мо, айни замон бо дигар масъалаҳо машғуланд ва азбаски онҳо як дастаи ягонаи миёнҷигаронро барои ҳама соҳаҳои сиёсати хориҷӣ доранд, таваққуфи муайяне ба миён омадааст", гуфт Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки барои Русия, ҳалли сабабҳои аслии бӯҳрони Украина масъалаи муҳим ва принсипалӣ аст.
Посол по особым поручениям МИД России по преступлениям киевского режима Родион Мирошник во время интервью агентству РИА Новости. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВУХ-и Русия гуфт барои аз сар гирифтани муколама дар бораи Украина чӣ лозим аст
"Мо маълумоти муфассалро дар бораи равишҳои асосии Русия ва таҳаввулоти бӯҳрони Украина, аз ҷумла вазъият дар маҳал ва талошҳо барои ҳалли ин низоъ тавассути бартараф кардани сабабҳои аслии он пешниҳод кардем. Ин масъалаи принсипалӣ аст", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0