Раҳмон дастур дод, ки бинои Театри миллӣ дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонида шавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон ознакомился с ходом строительства Национального театра в Душанбе.
Эмомали Рахмон ознакомился с ходом строительства Национального театра в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Обуна шудан
Ба раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо рафти сохтмон Театри миллӣ шинос шуд иттилоъ доданд, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар ин иншооти фарҳангӣ ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмон ва омодасозии иншооти муҳими фарҳангӣ - Театри миллӣ шинос шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздид ба роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ороишу омодасозии даруни бино ва бастубанди техникаю таҷҳизот дар толорҳои театр идома дорад.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Строительство здания Национального театра в Душанбе.
 Строительство здания Национального театра в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2026
“Дар бунёду таҷҳизонидани бинои Театри миллӣ, ки яке аз иншооти асосии ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад, аз беҳтарин маводи сохтмону ороиш ва техникаю таҷҳизот истифода мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳо барои бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расондани корҳо дастуру тавсияҳо дод.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Театри миллӣ, ки аз ҷузъҳои муҳимтарини ансамбли биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ба мисли Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, боғҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва майдони Дӯстӣ бо пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад, бо пурра омода гаштанаш ба пойтахти кишвар ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Рабочее совещание по ходу подготовки к празднованию 35-летия независимости Республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2026
Раҳмон гуфт чаро таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон муҳим аст
Зикр карда шудааст, ки Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0