https://sputnik.tj/20260403/rahmon-tajlili-jashni-istiqloli-davlati-tojikiston-muhim-1076582190.html
Раҳмон гуфт чаро таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон муҳим аст
Раҳмон гуфт чаро таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон муҳим аст
Sputnik Тоҷикистон
Бо раҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон машварати корӣ доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргзор гардид
2026-04-03T13:41+0500
2026-04-03T13:41+0500
2026-04-03T13:41+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
ҷашн
ҷашни истиқлолияти давлатӣ
рӯзи истиқлолият
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076579676_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_d3910d37d8dce84a769dc3d27e8d2b9e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ дастур дод, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Раисҷумҳур дар машварати корӣ бо аъзои Кумитаи тадорукот истиқболи сазовори солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ кард.Қайд карда шудааст, ки доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.Раҳбари кишвар дар ҷаласа таъкид кард, ки таҷлили сазовор ва пуршукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ мусоидати фаъол намояд.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҷараён дорад.Дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
https://sputnik.tj/20260331/hushdor-rahmon-boloravi-besobiqa-narkh-ghizo-1076492085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076579676_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_96d5eba35480e34b758fad1404f3dc7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, ҷашн, ҷашни истиқлолияти давлатӣ, рӯзи истиқлолият, таҷлил
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, ҷашн, ҷашни истиқлолияти давлатӣ, рӯзи истиқлолият, таҷлил
Раҳмон гуфт чаро таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон муҳим аст
Бо раҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон машварати корӣ доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргзор гардид
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ дастур дод, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Раисҷумҳур дар машварати корӣ бо аъзои Кумитаи тадорукот истиқболи сазовори солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баррасӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки доир ба рафти иҷрои барномаи омодагиҳо гузориши аъзои Кумитаи тадорукот, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо омодагии ҳамаҷониба ва мазмуну мундариҷаи баланд баргузор карда шаванд.
Раҳбари кишвар дар ҷаласа таъкид кард, ки таҷлили сазовор ва пуршукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон метавонад ба эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз таърихи бостонӣ, фарҳанги пурғановат ва тамаддуни бузурги ориёӣ мусоидати фаъол намояд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ, ҳамчунин ба раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ҷараён дорад.
Дар доираи омодагӣ ба он беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.