Сафири Эрон дар Русия гуфт ояндаи ҷаҳон дар дасти кист

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЧрезвычайный и полномочный посол Исламской Республики Иран в РФ Казем Джалали во время интервью агентству РИА Новости в Москве.
Чрезвычайный и полномочный посол Исламской Республики Иран в РФ Казем Джалали во время интервью агентству РИА Новости в Москве.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Русия ахиран гуфт, ки ояндаи ҷаҳон дар дасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), БРИКС ва Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Созмони БРИКС, СҲШ ва ИИАО дар тартиботи ҷаҳонии оянда нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Дар ин бора сафири Эрон дар Русия Козим Ҷалолӣ, дар нишасти матбуотӣ, ки дар маркази матбуоти байналмилалии гурӯҳи расонаии "Россия Сегодня" баргузор шуд, изҳор дошт.
Сафири Эрон дар Русия изҳори итминон кард, ки ояндаи ҷаҳон дар дасти созмонҳои БРИКС, СҲШ ва ИИАО аст.
“Ояндаи ҷаҳон ба ташаббусҳои нави ИИАО, СҲШ ва БРИКС тааллуқ дорад”, - гуфт ӯ.
Грузовые контейнеры во Владивостокском морском торговом порту. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2026
Тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон додугирифтро бо Русия афзоиш медиҳад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон эълон карда буд, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати иқтисодии Эрон мебошад.
"Барои рушди кишвар ва саноат, мо ба бозорҳо ниёз дорем ва дар марҳилаи аввал инҳо кишварҳои исломӣ ва ҳамсоягони мо ҳастанд ва сипас - тақвияти ҳамкорӣ дар доираи ИИАО, БРИКС, СҲШ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамроҳ шуд.
Ҷумҳурии Исломӣ аз 1 январи соли 2024 узви комилҳуқуқи созмони БРИКС шуд.
Дар моҳи майи соли 2025 Созишномаи ҳамаҷонибаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эътибор пайдо кард, ки коҳиши боҷҳои воридотиро барои 90% молҳо пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0