https://sputnik.tj/20260317/tojikistonro-bozihoi-delfi-muarrifi-1076087632.html
Тоҷикистонро дар Бозиҳои Делфӣ 38 нафар муаррифӣ мекунанд
Тоҷикистонро дар Бозиҳои Делфӣ 38 нафар муаррифӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд
2026-03-17T09:59+0500
2026-03-17T09:59+0500
2026-03-17T09:59+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
қирғизистон
бишкек
бозиҳои делфӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076089786_404:540:2655:1806_1920x0_80_0_0_b8eb251d2a261127328586a8496b081d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.Қайд карда шудааст, ки аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони "Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад" доир шавад.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20260127/vazorati-farhang-navsozii-teatri-rusi-buston-1074825051.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076089786_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_d37cad8ebbb8175e1e26b3dabd5eff8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, қирғизистон, бишкек, бозиҳои делфӣ
дар тоҷикистон, фарҳанг, қирғизистон, бишкек, бозиҳои делфӣ
Тоҷикистонро дар Бозиҳои Делфӣ 38 нафар муаррифӣ мекунанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қайд карда шудааст, ки аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.
“Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд”, - таъкид кардааст вазорати фарҳанги кишвар.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони "Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад" доир шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.
Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.