https://sputnik.tj/20260127/vazorati-farhang-navsozii-teatri-rusi-buston-1074825051.html
Вазорати фарҳанг аз навсозии "Театри русӣ" дар Бӯстон эълон кард
Вазорати фарҳанг аз навсозии "Театри русӣ" дар Бӯстон эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд бо мутахассисоне, ки метавонанд бинои нави театрро таъмир ва муҷаҳҳаз кунанд, гуфтугӯ доранд
2026-01-27T16:21+0500
2026-01-27T16:21+0500
2026-01-27T16:21+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
театр
вазорати фарҳанг
суғд
бӯстон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074809086_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_be1f93f02f8dc325388f2897416d37ca.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Тоҷикистон таъмир ва навсозии Театри давлатии драмавӣ ва мазҳакавӣ ба номи А.С. Пушкинро дар Бӯстони вилояти Суғд ба нақша гирифтааст.Инро Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ эълон кард."Ин танҳо таъмир нест. Пешниҳод барои ба таври муоссир навсозишудани бино аст”, - шарҳ дод ӯ.Ба гуфтаи ин мақомдор, мақомоти вилояти Суғд ва вазорат дар ҳоли ҳозир бо мутахассисоне, ки метавонанд бинои навро таъмир ва муҷаҳҳаз кунанд, гуфтугӯ доранд.Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ овозаҳо дар бораи кӯчонидани театрҳои Лаҳутӣ ва Маяковский ба бинои Театри миллии Тоҷикистонро низ рад кард."Ин театр (Театри миллӣ) бо Театри Лаҳутӣ, Театри драмавии русии Маяковский ё ягон театри дигар рабт надорад. Инҳо театрҳои мустақил мебошанд", - изҳор дошт вазири фарҳанг.Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 44 иншооти фарҳангӣ сохта шудааст.Дар ин давра 120 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла 59 китобхона, 39 қаср ва маркази фарҳангӣ, 4 осорхона, 11 боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ ва 6 мактаби мусиқӣ низ таъмир ва навсозӣ шудааст.Айни замон нӯҳ иншооти нави фарҳангӣ дар ҳоли сохтмон ва чортои онҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар соли 2025 56 асари нав дар театрҳои касбӣ ба саҳна гузошта шуданд ва 59 сафари ҳунарӣ дар саросари кишвар дар 35 шаҳру ноҳия сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20250606/sughd-mavludi-pushkinro-tajlil-1067929536.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074809086_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b39ac20f97a0fdc42e0854eccbce06aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пушкин, бӯстон, фарҳанг, театр, суғд, ифтитоҳ, навсозӣ,
тоҷикистон, пушкин, бӯстон, фарҳанг, театр, суғд, ифтитоҳ, навсозӣ,
Вазорати фарҳанг аз навсозии "Театри русӣ" дар Бӯстон эълон кард
Мақомоти вилояти Суғд бо мутахассисоне, ки метавонанд бинои нави театрро таъмир ва муҷаҳҳаз кунанд, гуфтугӯ доранд
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Тоҷикистон таъмир ва навсозии Театри давлатии драмавӣ ва мазҳакавӣ ба номи А.С. Пушкинро дар Бӯстони вилояти Суғд ба нақша гирифтааст.
Инро Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ эълон кард.
"Ин танҳо таъмир нест. Пешниҳод барои ба таври муоссир навсозишудани бино аст”, - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ин мақомдор, мақомоти вилояти Суғд ва вазорат дар ҳоли ҳозир бо мутахассисоне, ки метавонанд бинои навро таъмир ва муҷаҳҳаз кунанд, гуфтугӯ доранд.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ овозаҳо дар бораи кӯчонидани театрҳои Лаҳутӣ ва Маяковский ба бинои Театри миллии Тоҷикистонро низ рад кард.
"Ин театр (Театри миллӣ) бо Театри Лаҳутӣ, Театри драмавии русии Маяковский ё ягон театри дигар рабт надорад. Инҳо театрҳои мустақил мебошанд", - изҳор дошт вазири фарҳанг.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 44 иншооти фарҳангӣ сохта шудааст.
Дар ин давра 120 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла 59 китобхона, 39 қаср ва маркази фарҳангӣ, 4 осорхона, 11 боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ ва 6 мактаби мусиқӣ низ таъмир ва навсозӣ шудааст.
Айни замон нӯҳ иншооти нави фарҳангӣ дар ҳоли сохтмон ва чортои онҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар соли 2025 56 асари нав дар театрҳои касбӣ ба саҳна гузошта шуданд ва 59 сафари ҳунарӣ дар саросари кишвар дар 35 шаҳру ноҳия сурат гирифт.