https://sputnik.tj/20260315/korshinos-tijorati-uzbekiston-tojikiston-afzoish-1076016617.html
Коршинос: Тиҷорати миёни Узбекистону Тоҷикистон метавонад боз 40% афзоиш ёбад
Коршинос: Тиҷорати миёни Узбекистону Тоҷикистон метавонад боз 40% афзоиш ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон имкониятҳои афзоиши тиҷорат байни Узбекистону Тоҷикистонро арзёбӣ кард
2026-03-15T10:34+0500
2026-03-15T10:34+0500
2026-03-15T10:34+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
додугирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6c0ddf0ff869d8014251639e9fd86489.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Тибқи ҳисобҳои Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон, додугирифт байни Узбекистон ва Тоҷикистон метавонад боз 30-40% афзоиш ёбад.Ба гуфтиа ин Марказ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ пеш аз ҳама аз рушди ҳамкории саноатӣ байни ду кишвар вобастааст.Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон ахиран дар Тошканд зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ "Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамкории иттифоқӣ ва минтақавӣ" гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.Вай гуфт, созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ заминаи институтсионалиро барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва тақвияти робитаҳои дуҷониба фароҳам овардаанд.Тибқи ҳисобҳои ин Марказ, дар байни солҳои 2017 ва 2025 гардиши тиҷорати мутақобила байни Узбекистон ва Тоҷикистон 3,8 маротиба афзуда, аз 238 миллион доллар то 912 миллион доллар расидааст. Ғайр аз ин, содироти Узбекистон 3,7 маротиба ва воридот аз Тоҷикистон беш аз чор маротиба афзоиш ёфтааст.Тоҷикистон айни замон яке аз шарикони калидии минтақавии Узбекистон ба ҳисоб рафта, дар байни воридкунандагони маҳсулоти Узбекистон дар ҷои нуҳум қарор дорад.Аммо, тавре ки коршиносони Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот қайд кард, нишондиҳандаҳои мавҷуда танҳо қисме аз имкониятҳои ҳамкории иқтисодиро инъикос мекунанд. Онҳо тахмин мезананд, ки додугирифти ду кишвар метавонад, боз 30-40% афзоиш ёбад.Коршинос таъкид кард, ки наздикии ҷуғрофии ду кишвар, марзи муштарак ва инфрасохтори нақлиётии рушдёфта шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ фароҳам меорад.Хуршед Асадов таъкид кард, ки имкониятҳои назаррас дар соҳаи ҳамкории саноатӣ низ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштараки коркард дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, пеш аз ҳама дар коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва рушди марказҳои агрологистикӣ, метавонад самти умедбахш бошад.Ба гуфтаи Асадов, беҳтар кардани минбаъдаи инфрасохтори нақлиёт ва густариши иқтидори транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба рушди робитаҳои иқтисодӣ мусоидат кунад.Вай қайд кард, ки сатҳи кунунии муносибатҳои иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистон заминаи мустаҳкамеро барои гузариш ба модели амиқтари ҳамкории иқтисодӣ, ки ба сармоягузории муштарак, рушди ҳамкории саноатӣ ва модернизатсияи инфрасохтори минтақавӣ нигаронида шудааст, фароҳам меорад.Ин, дар навбати худ, метавонад омили муҳим дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва рушди устувор дар саросари Осиёи Марказӣ гардад.
https://sputnik.tj/20260314/tojikiston-uzbekiston-gustarishi-hamkori-loihahoi-talimi-1076014878.html
https://sputnik.tj/20260313/tojikiston-uzbekiston-qazoqistonro-qatorai-navi-sayyohi-1076005508.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_269:0:3000:2048_1920x0_80_0_0_d01877e1019d5ae8b4ed1132f40d324c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, додугирифт
дар тоҷикистон, узбекистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, додугирифт
Коршинос: Тиҷорати миёни Узбекистону Тоҷикистон метавонад боз 40% афзоиш ёбад
Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон имкониятҳои афзоиши тиҷорат байни Узбекистону Тоҷикистонро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Тибқи ҳисобҳои Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон, додугирифт байни Узбекистон ва Тоҷикистон метавонад боз 30-40% афзоиш ёбад.
Ба гуфтиа ин Марказ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ пеш аз ҳама аз рушди ҳамкории саноатӣ байни ду кишвар вобастааст.
Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон ахиран дар Тошканд зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ "Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамкории иттифоқӣ ва минтақавӣ" гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Вай гуфт, созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ заминаи институтсионалиро барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва тақвияти робитаҳои дуҷониба фароҳам овардаанд.
Тибқи ҳисобҳои ин Марказ, дар байни солҳои 2017 ва 2025 гардиши тиҷорати мутақобила байни Узбекистон ва Тоҷикистон 3,8 маротиба афзуда, аз 238 миллион доллар то 912 миллион доллар расидааст. Ғайр аз ин, содироти Узбекистон 3,7 маротиба ва воридот аз Тоҷикистон беш аз чор маротиба афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон айни замон яке аз шарикони калидии минтақавии Узбекистон ба ҳисоб рафта, дар байни воридкунандагони маҳсулоти Узбекистон дар ҷои нуҳум қарор дорад.
Аммо, тавре ки коршиносони Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот қайд кард, нишондиҳандаҳои мавҷуда танҳо қисме аз имкониятҳои ҳамкории иқтисодиро инъикос мекунанд. Онҳо тахмин мезананд, ки додугирифти ду кишвар метавонад, боз 30-40% афзоиш ёбад.
Коршинос таъкид кард, ки наздикии ҷуғрофии ду кишвар, марзи муштарак ва инфрасохтори нақлиётии рушдёфта шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ фароҳам меорад.
Хуршед Асадов таъкид кард, ки имкониятҳои назаррас дар соҳаи ҳамкории саноатӣ низ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштараки коркард дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, пеш аз ҳама дар коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва рушди марказҳои агрологистикӣ, метавонад самти умедбахш бошад.
Ба гуфтаи Асадов, беҳтар кардани минбаъдаи инфрасохтори нақлиёт ва густариши иқтидори транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба рушди робитаҳои иқтисодӣ мусоидат кунад.
Вай қайд кард, ки сатҳи кунунии муносибатҳои иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистон заминаи мустаҳкамеро барои гузариш ба модели амиқтари ҳамкории иқтисодӣ, ки ба сармоягузории муштарак, рушди ҳамкории саноатӣ ва модернизатсияи инфрасохтори минтақавӣ нигаронида шудааст, фароҳам меорад.
Ин, дар навбати худ, метавонад омили муҳим дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва рушди устувор дар саросари Осиёи Марказӣ гардад.