https://sputnik.tj/20260314/tojikiston-uzbekiston-gustarishi-hamkori-loihahoi-talimi-1076014878.html
Тоҷикистон ва Узбекистон густариши ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ баррасӣ карданд
Тоҷикистон ва Узбекистон густариши ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад
2026-03-14T11:32+0500
2026-03-14T11:32+0500
2026-03-14T11:32+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
маориф
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076014068_132:419:1671:1285_1920x0_80_0_0_e4433026a380feb3b82d0542d8ad64d8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар дидор бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон Қунғратбой Шарипов масъалаҳои муҳимми густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат, ду вазир дар ин дидор ҳамчунин рушди робитаҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шудаанд.Вазири тоҷик таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим ба таври бесобиқа густариш ёфтаанд.Саидзода қайд кард, ки Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад ва донишгоҳҳои Тоҷикистон пайваста бо муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд.Вай таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои таҳкими робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.Вай дар ин дидор қайд кард, ки баргузории форуми навбатии ректорон ба таҳкими бештари робитаҳои илмию таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди устувори ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20260313/tojikiston-uzbekiston-qazoqistonro-qatorai-navi-sayyohi-1076005508.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076014068_279:419:1541:1365_1920x0_80_0_0_d99ab70b8303434d21fb838e95b8745e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, маориф, ҳамкорӣ, равобит
дар тоҷикистон, узбекистон, маориф, ҳамкорӣ, равобит
Тоҷикистон ва Узбекистон густариши ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ баррасӣ карданд
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми кишвар мегӯяд, ки Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар дидор бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон Қунғратбой Шарипов масъалаҳои муҳимми густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, ду вазир дар ин дидор ҳамчунин рушди робитаҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин дидор таъкид кард, ки муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шудаанд.
Вазири тоҷик таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим ба таври бесобиқа густариш ёфтаанд.
Саидзода қайд кард, ки Узбекистон яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад ва донишгоҳҳои Тоҷикистон пайваста бо муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд.
Вай таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон барои таҳкими робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.
Вай дар ин дидор қайд кард, ки баргузории форуми навбатии ректорон ба таҳкими бештари робитаҳои илмию таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди устувори ду кишвар мусоидат хоҳад кард.