https://sputnik.tj/20260313/tojikiston-uzbekiston-qazoqistonro-qatorai-navi-sayyohi-1076005508.html
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро қатораи нави сайёҳӣ мепайвандад
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро қатораи нави сайёҳӣ мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Қатораи нави сайёҳӣ бо номи "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз се кишвари Осиёи Марказӣ мегузарад
2026-03-13T16:41+0500
2026-03-13T16:41+0500
2026-03-13T16:41+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
қазоқистон
узбекистон
қатора
масир
гардишгарӣ
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076006112_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_839beadd25fa2158bc2f76fe102963fe.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Қатораи сайёҳии "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз 20 то 25 марти соли равон дар Роҳи Бузурги Абрешим ҳаракат хоҳад кард.Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Қазоқистон, ин қатора Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад.Қатораи мазкур дар масири Алмаато - Туркистон - Самарқанд - Душанбе - Тошканд – Алмаато ҳаракат мекунад.Кумита қайд кард, ки лоиҳа ба рушди ҳамкориҳои сайёҳии байнидавлатӣ, тақвияти робитаҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таблиғи масирҳои муштараки сайёҳии фаромарзӣ нигаронида шудааст.Барномаи масир экскурсияҳо, боздид аз мавзеъҳои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад, ки анъанаҳои кишварҳои узвро муаррифӣ мекунанд.Лоиҳа аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон, ширкати "Қазоқистон темир жолу" ва саноати сайёҳии Қазоқистон ташкил карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025", ки аз аз панҷ кишвар гузашт, сурат гирфит.Экспедитсия аз Русия оғоз ёфта, тариқи роҳи мошингард аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта дар Тоҷикистон хотима ёфт.Ин як лоиҳаи ба эҷоди фазои умумии эътимод ва ҳамкорӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ, муттаҳид кардани мардуми фаъол, созанда ва ташаббускор дар Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронида шуда буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/41960
қазоқистон
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/0d/1076006112_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_7f47bf75b411cfe245e6a390258a3724.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , қазоқистон, узбекистон, қатора, масир, гардишгарӣ, фарҳанг
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , қазоқистон, узбекистон, қатора, масир, гардишгарӣ, фарҳанг
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистонро қатораи нави сайёҳӣ мепайвандад
Қатораи нави сайёҳӣ бо номи "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз се кишвари Осиёи Марказӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Қатораи сайёҳии "Jibek Joly" (Роҳи Абрешим) аз 20 то 25 марти соли равон дар Роҳи Бузурги Абрешим ҳаракат хоҳад кард.
Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳии Қазоқистон, ин қатора Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад.
Қатораи мазкур дар масири Алмаато - Туркистон - Самарқанд - Душанбе - Тошканд – Алмаато ҳаракат мекунад.
Кумита қайд кард, ки лоиҳа ба рушди ҳамкориҳои сайёҳии байнидавлатӣ, тақвияти робитаҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таблиғи масирҳои муштараки сайёҳии фаромарзӣ нигаронида шудааст.
Барномаи масир экскурсияҳо, боздид аз мавзеъҳои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар бар мегирад, ки анъанаҳои кишварҳои узвро муаррифӣ мекунанд.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон, ширкати "Қазоқистон темир жолу" ва саноати сайёҳии Қазоқистон ташкил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Экспедитсияи сайёҳии "Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025", ки аз аз панҷ кишвар гузашт, сурат гирфит.
Экспедитсия аз Русия оғоз ёфта, тариқи роҳи мошингард аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта дар Тоҷикистон хотима ёфт.
Ин як лоиҳаи ба эҷоди фазои умумии эътимод ва ҳамкорӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ, муттаҳид кардани мардуми фаъол, созанда ва ташаббускор дар Осиёи Марказӣ ва Русия нигаронида шуда буд.