Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршинос: ИМА наметавонад ба Киев ба миқдори пешина аслиҳа фурӯшад

© AP / Alex Brandon155-миллиметровые снаряды производства США.
155-миллиметровые снаряды производства США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Обуна шудан
Коршиноси рус гуфт, ки ИМА наметавонад ба Киев бино бар вазъ дар атрофи Эрон ба миқдори пешина силоҳ фурӯшад
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. ИМА наметавонад ба Иттиҳодияи Аврупо, ки барои Киев аслиҳа мехарад бинобар вазъ дар атрофи Эрон мисли пештара, аслиҳа фурӯшад, изҳор дошт Андрей Климов, узви Шӯрои сиёсати хориҷӣ ва дифои Русия.
"Имрӯз амрикоиҳо наметавонанд ба ҳамон ИА дар ҳамон миқёси пештара, силоҳ фурӯшанд, чун бо Эрон меҷанганд. Ҳарчанд, ки онҳо ошкоро мегӯянд, ки аслиҳа ба Киев равона мешаванд", - гуфт Климов ба "Парламентская газета".
Вай қайд кард, ки ҷангро бо доллар бурдан мумкин нест; хумпораҳо, сарбозон, киштиҳои ҳавопаймобар ва паҳподҳо лозиманд.
"Дар мавриди Эрон, ИМА махсусан ба мушакҳо ниёз дорад. Дар айни замон, амрикоиҳо шумораи маҳдуди онҳоро доранд ва икорхонаҳои низомию саноатии онҳо қодир нестанд, ки ниёзҳои Ховари Миёнаро таъмин кунанд", - гуфт Климов.
Ба гуфтаи вай, ИМА наметавонад дар муддати хеле кӯтоҳ ба андозаи Эрон мушакҳои зиёд истеҳсол кунад.
Украинские военнослужащие. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбозони артиши Украина аз интиқоли аслиҳаи пастсифати Ғарб шикоят доранд
"Бале, вазъият дар намудҳои гуногуни силоҳ аз ҷиҳати истеҳсоли онҳо дар Амрико фарқ мекунад. Аммо агар мо онро то ҳадди имкон содда кунем, он тақрибан чунин мешавад: як ҳафта ҷанг бо зарбаҳои шадиди мушакӣ ба як соли кор барои тамоми саноати низомии Амрико баробар аст", - илова кард коршинос.
Вай таъкид кард, ки истифодаи захираҳои фавқулоддаи артиши Амрико, ки барои дифоъи қаламрави он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби қонунҳои ИМА манъ аст.
"Агар касе ин корро кунад, ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд ва агар президент ин корро бо фармони иҷроия анҷом диҳад, раиси Кохи Сафед бешубҳа аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Аз ин рӯ, амрикоиҳо захираҳои моддии зиёде надорандто ҷангро дар Ховари Миёна идома диҳанд", - хулоса кард Климов.
Лентаи хабарҳо
0