Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сарбозони артиши Украина аз интиқоли аслиҳаи пастсифати Ғарб шикоят доранд

© AP / Kirsty WigglesworthУкраинские военнослужащие. Архивное фото
Украинские военнослужащие. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Обуна шудан
Хабаргузории РИА “Новости” навиштааст, ки сарбозони артиши Украина ба хешовандонашон дар бораи таъминоти лавозимоти ҷангии пастсифат шикоят доранд
ДУШАНБЕ, 11 мар - Sputnik. Ҷангҷиёни украинӣ ба хешовандони худ аз интиқоли лавозимоти ҷангии пастсифат, ки дар кишварҳои Ғарб барои нобудсозӣ пешбинӣ шудааст, шикоят мекунанд.
"Хизматчиёни низомии украинӣ ба хешовандони худ аз интиқоли лавозимоти ҷангии пастсифат, ки барои нобудсозӣ дар кишварҳои Ғарб пешбинӣ шудаанд, шикоят мекунанд", - гуфт манбаъи ниҳод.
Ӯ инчунин афзуд, ки сокинони вилояти Харков аз ҳодисаҳои афзояндаи таркиши худсаронаи лавозимоти ҷангии дар биноҳои истиқоматӣ нигоҳдошташуда хабар медиҳанд.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Московский Кремль.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл бори дигар дар бораи ғайринизомисозӣ кардани Украина таъкид кард
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0