Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Ширкати "Сомон Эйр" ҳамватанонро аз Ховари миёна бармегардонад

© Foto / Пресс-служба "Сомон Эйр"Самолет авиакомпании "Сомон Эйр".
Самолет авиакомпании Сомон Эйр.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2026
Обуна шудан
Ширкати "Сомон Эйр" аз сӯйи ҳукумат муваззаф шудааст барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноороми Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳороте эълон кардааст, ки ҳукумати кишвар барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ба роҳ мемонад.
Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муваззаф гаштааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором ба роҳ монад.
“Шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат намоянд”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд Қаблан, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки 200 кас барои баргаштан ба Тоҷикистон дархост доданд.
Люди идут мимо рекламного щита с изображением покойного верховного лидера Ирана аятоллы Али Хаменеи на улице после его гибели в результате израильских и американских ударов в субботу в Тегеране, Иран, 2 марта 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Зоҳидӣ: Тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд
Чанде пеш ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".
Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсия дода буд, қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Демонстрация в поддержку правительства и против ударов США и Израиля в Тегеране, Иран, суббота, 28 февраля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2026
“Хатти муқаддами набард”: чаро Эрон набояд шикаст бихӯрад?
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон карданд ва ба кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом доданд.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0