https://sputnik.tj/20260303/zohidi-shahrvandi-tojikiston-eron-boqi-1075704791.html
Зоҳидӣ: Тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд
Зоҳидӣ: Тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд
Sputnik Тоҷикистон
То имрӯз 65 нафар шаҳрвани Тоҷикистон аз Эрон хориҷ шуда, 200 нафари дигар бо сафорат тамос гирифта, дар бораи кумак барои тарки кишвар дархост кардаанд
2026-03-03T10:41+0500
2026-03-03T10:41+0500
2026-03-03T10:41+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
дар тоҷикистон
эрон
низомиддин зоҳидӣ
дар ҷаҳон
сафир
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/02/1075698473_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_c59454cc39e4d49247af269d11a799c3.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар – Sputnik. Пас аз шиддат гирифтани вазъият дар Ховари Миёна тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд.Дар ин бора сафири ҷумҳурӣ дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ хабар дод.Вай қайд кард, ки аллакай 65 шаҳрванди ҷумҳурӣ аз Эрон берун шуданд.Вай афзуд, ки 15 шаҳрванд тавассути Озарбойҷон ва 50 нафари дигар тавассути Туркманистон Эронро тарк карданд.Сафир инчунин таъкид кард, ки аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон боқӣ мондаанд, 200 нафар аллакай бо сафоратхона тамос гирифта, кумак барои тарки кишвар дархост кардаанд.Қаблан, сафорати Тоҷикистон дар Эрон аз шаҳрвандони худ хост орому, ҳушёр бошанд ва маълумотро аз манбаҳои расмӣ дастрас кунанд.Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон карданд. Эрон аз партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш дод. Бонги Хатар дар сарораси Исроил садо дод.Тибқи иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯз мотам эълон кард.
https://sputnik.tj/20260303/somon-eyr-parvozho-dushanbe--dubay-laghv-1075704551.html
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/02/1075698473_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_94d41fe1126452c14572d5d8fc109190.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, низомиддин зоҳидӣ, дар ҷаҳон, сафир, ховари миёна
дар тоҷикистон, эрон, низомиддин зоҳидӣ, дар ҷаҳон, сафир, ховари миёна
Зоҳидӣ: Тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд
То имрӯз 65 нафар шаҳрвани Тоҷикистон аз Эрон хориҷ шуда, 200 нафари дигар бо сафорат тамос гирифта, дар бораи кумак барои тарки кишвар дархост кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 мар – Sputnik. Пас аз шиддат гирифтани вазъият дар Ховари Миёна тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон боқӣ мондаанд.
Дар ин бора сафири ҷумҳурӣ дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ хабар дод.
Вай қайд кард, ки аллакай 65 шаҳрванди ҷумҳурӣ аз Эрон берун шуданд.
Вай афзуд, ки 15 шаҳрванд тавассути Озарбойҷон ва 50 нафари дигар тавассути Туркманистон Эронро тарк карданд.
"Мо рӯйхати заруриро омода карда, бо сафоратхонаҳо чораҳои зарурӣ андешидем", - гуфт Зоҳидӣ.
Сафир инчунин таъкид кард, ки аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон боқӣ мондаанд, 200 нафар аллакай бо сафоратхона тамос гирифта, кумак барои тарки кишвар дархост кардаанд.
Қаблан, сафорати Тоҷикистон дар Эрон аз шаҳрвандони худ хост орому, ҳушёр бошанд ва маълумотро аз манбаҳои расмӣ дастрас кунанд.
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон карданд. Эрон аз партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш дод. Бонги Хатар дар сарораси Исроил садо дод.
Тибқи иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯз мотам эълон кард.