https://sputnik.tj/20260304/khatti-nabard-eron-naboyad-shikast-bikhurad-1075755978.html
“Хатти муқаддами набард”: чаро Эрон набояд шикаст бихӯрад?
“Хатти муқаддами набард”: чаро Эрон набояд шикаст бихӯрад?
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон муътақиданд кишварҳои ҳамсоя нахустин қурбониёни шикасти Эрон дар ҷанг бо Амрико ва Исроил хоҳанд буд 04.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-04T17:28+0500
2026-03-04T17:28+0500
2026-03-04T17:29+0500
эрон
амрико
исроил
низоъ
амният ва мудофиа
ҳамлаи хунин
дар ҷаҳон
сиёсат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075754427_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_7dee2c997dda92a98ae4fb1ebe703e71.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Ҷанг дар Ховари Миёна, ки дар натиҷаи ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврал оғоз шуда буд, қариб як ҳафта боз идома дорад.Тақрибан 800 шаҳрванди Эрон кушта шудаанд, шаҳрҳои сершумор хароб шудаанд ва нархи нафту газ ба таври назаррас боло меравад - ин натиҷаи зоҳирии "амалиёти низомии" Доналд Трамп аст. Аммо Эрон қасди чашм пӯшидан ба ин ҳамлаи бесобиқа надорад ва тирборон кардани иншооти низомии ИМА ва муттаҳидонаш дар 15 кишвари ҳамсоя давом медиҳад.Sputnik Тоҷикистон таъсири низои Ховари Миёна ба Осиёи Марказиро таҳқиқ кард.Ба бовари коршиносон, дар сурати фурӯпошии назми ҳоким бар ҷаҳон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз нахустин манотиқе хоҳанд буд, ки зарбаро эҳсос мекунанд.Эрон аз назари геополитикӣ кишваре мунҳасир ба фард аст, ки манотиқи ёдшударо аз лиҳози амниятӣ ва иқтисодӣ ба якдигар пайванд медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон дарвоқеъ бо ҳадафи гусастани ҳамин пайвандҳо сурат мегирад.Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муътақид аст, ки Эрон амалан дар “хатти муқаддами набарди Шарқу Ғарб” қарор дорад ва қудратҳои авруосиёӣ дарвоқеъ дар як майдони ҷанг бо рақиби худ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯ ба рӯ шудаанд.“Дар сурати шикасти Эрон, нуфузи Чин дар Ховари Миёна — агар ба сифр ҳам нарасад — вобаста ба иродаи Амрико хоҳад шуд. Барои мисол, тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” аз ҳам хоҳад пошид ва сарнавишти сармоягузориҳои Чин бо тардид мувоҷеҳ мешавад. Русия шарики роҳбурдии худро аз даст хоҳад дод ва масири стратегии “Шимол – Ҷануб” низ таҳти контроли Амрико қарор хоҳад гирифт. Аврупо низ энержии Ховари Миёнаро на ба таври мустақим, балки аз “дасти дуввум” дарёфт хоҳад кард. Ва ин дар сурате хоҳад буд, ки Амрико дар Эрон таваққуф кунад ва пешравӣ накунад”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.Ба бовари ӯ, Амрико дар Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд ва бо шиорҳое чун суқути “режимҳои диктатурӣ”, ҳуқуқи башар ва “озодсозии миллатҳои мазлум” — аз ҷумла манотиқи мусалмоннишин — ба сӯи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ва аз он ҷо ба самти Русия ва Чин, яъне рақибони аслии худ, ҳаракат хоҳад кард.“Зоҳиран дар ин ҳаракати бузург аз гурӯҳҳои ифротии динӣ, ки дар Афғонистон бо барномаи амрикоии вогузории қудрат ба Толибон мустақар шуданд, ва ҳамчунин аз дигар мухолифони ба истилоҳ демократии кишварҳои масир, ки дар Аврупо ва Амрико паноҳ гирифтаанд, истифода хоҳад шуд. Аз ин рӯ, шикасти Эрон муқаддимае барои фурӯпошии тамоми низомҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хоҳад буд.”, - гуфт устоди улуми сиёсӣ.Бархе дигар аз коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба вокуниши давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон, бавижа кушта шудани раҳбари он кишвар ва ғайринизомиён, ба ин натиҷа расидаанд, ки ин кишварҳо навъе тарс ва илтиҳоби пинҳонро таҷриба карданд ва огоҳона ё ноогоҳона мавқеи воқеии худро нишон доданд.“Эъломи хушомадгӯӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс шояд ба сармоягузориҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ марбут бошад ё паёме ғайримустақим ба Амрико ва Исроил мабнӣ бар ин ки онҳо дар канори Эрон нестанд. Зоҳиран дар лаҳзаҳои нахуст ба ин натиҷа расиданд, ки бо суқути Эрон, навбати онҳо низ хоҳад расид ва бояд мавқеияте иттихоз кунанд, ки фардо дучори мушкил нашаванд. Аммо аз паёмадҳои шикасти Эрон, ҳеч кишваре дар амон нахоҳад буд.”, - гуфт коршинос.Ӯ афзуд, Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ вобастагии чандоне ба Эрон надорад ва ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар низ барои ҳеч як таъйинкунанда нест. Ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2025 ба ҳудуди 485 миллион доллар расид, ки баробар бо 4.5 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст. Тоҷикистон дар соли 2025 ба арзиши 113 миллион доллар — умдатан пахта — ба Эрон содир карда ва дар муқобил ба арзиши 371 миллион доллар — умдатан колоҳои саноатӣ, кимиёвӣ ва сохтмонӣ — воридот доштааст.“Он чӣ онҳоро ба ҳам пайванд медиҳад, сарнавишти муштараки таърихӣ ва намояндагӣ аз тамаддуни эронӣ аст, ки амалан онҳоро дар як сангар қарор медиҳад. Тардиде нест, ки ҷанги тамаддунҳо дар ҷараён аст. Тамаддуни ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ҳатто пинҳон намекунад, ки қасд дорад бар тамаддунҳои минтақа султа ёбад.”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳо дар сурати бурузи шароити хос метавонанд колоҳои худро ба кишварҳои дигар низ содир кунанд, аммо шикасти Эрон дар баробари Амрико ва Исроил на танҳо роҳро барои суқути низомҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳамвор мекунад, балки қудратҳои бузургтаре чун Русия ва Чинро, ки шарикони Эрон дар муқобила бо меҳвари ғарб ба раҳбарии Амрико маҳсуб мешаванд, ҳадаф қарор медиҳад. Аз ин рӯ, Эрон хатти муқаддами набарди “меҳвари шарқ” алайҳи “меҳвари ғарб” аст ва манофеъи кишварҳои шарқӣ дар пирӯзии Эрон аст, на шикасти он.
https://sputnik.tj/20260301/rahbar-oli-eron-khomanai-hamlaho-isroil-ima-shahodat-1075655469.html
https://sputnik.tj/20260228/ima-eron-amaliyot-gusturda-oghoz-1075642762.html
https://sputnik.tj/20260303/lavrov-buhron-atrofi-eron-rohi-diplomati-1075722530.html
амрико
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075754427_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_4199f4cbe930f134fd6250e57b1ad1e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, амрико, исроил, низоъ, амният ва мудофиа, ҳамлаи хунин, дар ҷаҳон, сиёсат , дар тоҷикистон
эрон, амрико, исроил, низоъ, амният ва мудофиа, ҳамлаи хунин, дар ҷаҳон, сиёсат , дар тоҷикистон
“Хатти муқаддами набард”: чаро Эрон набояд шикаст бихӯрад?
17:28 04.03.2026 (Навсозишуда: 17:29 04.03.2026) Эксклюзив
Коршиносон муътақиданд кишварҳои ҳамсоя нахустин қурбониёни шикасти Эрон дар ҷанг бо Амрико ва Исроил хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Ҷанг дар Ховари Миёна, ки дар натиҷаи ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврал оғоз шуда буд, қариб як ҳафта боз идома дорад.
Тақрибан 800 шаҳрванди Эрон кушта шудаанд, шаҳрҳои сершумор хароб шудаанд ва нархи нафту газ ба таври назаррас боло меравад - ин натиҷаи зоҳирии "амалиёти низомии" Доналд Трамп аст. Аммо Эрон қасди чашм пӯшидан ба ин ҳамлаи бесобиқа надорад ва тирборон кардани иншооти низомии ИМА ва муттаҳидонаш дар 15 кишвари ҳамсоя давом медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон таъсири низои Ховари Миёна ба Осиёи Марказиро таҳқиқ кард.
Ба бовари коршиносон, дар сурати фурӯпошии назми ҳоким бар ҷаҳон, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз нахустин манотиқе хоҳанд буд, ки зарбаро эҳсос мекунанд.
Эрон аз назари геополитикӣ кишваре мунҳасир ба фард аст, ки манотиқи ёдшударо аз лиҳози амниятӣ ва иқтисодӣ ба якдигар пайванд медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон дарвоқеъ бо ҳадафи гусастани ҳамин пайвандҳо сурат мегирад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муътақид аст, ки Эрон амалан дар “хатти муқаддами набарди Шарқу Ғарб” қарор дорад ва қудратҳои авруосиёӣ дарвоқеъ дар як майдони ҷанг бо рақиби худ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рӯ ба рӯ шудаанд.
“Дар сурати шикасти Эрон, нуфузи Чин дар Ховари Миёна — агар ба сифр ҳам нарасад — вобаста ба иродаи Амрико хоҳад шуд. Барои мисол, тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” аз ҳам хоҳад пошид ва сарнавишти сармоягузориҳои Чин бо тардид мувоҷеҳ мешавад. Русия шарики роҳбурдии худро аз даст хоҳад дод ва масири стратегии “Шимол – Ҷануб” низ таҳти контроли Амрико қарор хоҳад гирифт. Аврупо низ энержии Ховари Миёнаро на ба таври мустақим, балки аз “дасти дуввум” дарёфт хоҳад кард. Ва ин дар сурате хоҳад буд, ки Амрико дар Эрон таваққуф кунад ва пешравӣ накунад”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Ба бовари ӯ, Амрико дар Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд ва бо шиорҳое чун суқути “режимҳои диктатурӣ”, ҳуқуқи башар ва “озодсозии миллатҳои мазлум” — аз ҷумла манотиқи мусалмоннишин — ба сӯи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ва аз он ҷо ба самти Русия ва Чин, яъне рақибони аслии худ, ҳаракат хоҳад кард.
“Зоҳиран дар ин ҳаракати бузург аз гурӯҳҳои ифротии динӣ, ки дар Афғонистон бо барномаи амрикоии вогузории қудрат ба Толибон мустақар шуданд, ва ҳамчунин аз дигар мухолифони ба истилоҳ демократии кишварҳои масир, ки дар Аврупо ва Амрико паноҳ гирифтаанд, истифода хоҳад шуд. Аз ин рӯ, шикасти Эрон муқаддимае барои фурӯпошии тамоми низомҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хоҳад буд.”, - гуфт устоди улуми сиёсӣ.
Бархе дигар аз коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба вокуниши давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон, бавижа кушта шудани раҳбари он кишвар ва ғайринизомиён, ба ин натиҷа расидаанд, ки ин кишварҳо навъе тарс ва илтиҳоби пинҳонро таҷриба карданд ва огоҳона ё ноогоҳона мавқеи воқеии худро нишон доданд.
“Эъломи хушомадгӯӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс шояд ба сармоягузориҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ марбут бошад ё паёме ғайримустақим ба Амрико ва Исроил мабнӣ бар ин ки онҳо дар канори Эрон нестанд. Зоҳиран дар лаҳзаҳои нахуст ба ин натиҷа расиданд, ки бо суқути Эрон, навбати онҳо низ хоҳад расид ва бояд мавқеияте иттихоз кунанд, ки фардо дучори мушкил нашаванд. Аммо аз паёмадҳои шикасти Эрон, ҳеч кишваре дар амон нахоҳад буд.”, - гуфт коршинос.
Ӯ афзуд, Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ вобастагии чандоне ба Эрон надорад ва ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар низ барои ҳеч як таъйинкунанда нест.
Ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар соли 2025 ба ҳудуди 485 миллион доллар расид, ки баробар бо 4.5 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст.
Тоҷикистон дар соли 2025 ба арзиши 113 миллион доллар — умдатан пахта — ба Эрон содир карда ва дар муқобил ба арзиши 371 миллион доллар — умдатан колоҳои саноатӣ, кимиёвӣ ва сохтмонӣ — воридот доштааст.
“Он чӣ онҳоро ба ҳам пайванд медиҳад, сарнавишти муштараки таърихӣ ва намояндагӣ аз тамаддуни эронӣ аст, ки амалан онҳоро дар як сангар қарор медиҳад. Тардиде нест, ки ҷанги тамаддунҳо дар ҷараён аст. Тамаддуни ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ҳатто пинҳон намекунад, ки қасд дорад бар тамаддунҳои минтақа султа ёбад.”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Ба гуфтаи коршиносон, кишварҳо дар сурати бурузи шароити хос метавонанд колоҳои худро ба кишварҳои дигар низ содир кунанд, аммо шикасти Эрон дар баробари Амрико ва Исроил на танҳо роҳро барои суқути низомҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳамвор мекунад, балки қудратҳои бузургтаре чун Русия ва Чинро, ки шарикони Эрон дар муқобила бо меҳвари ғарб ба раҳбарии Амрико маҳсуб мешаванд, ҳадаф қарор медиҳад. Аз ин рӯ, Эрон хатти муқаддами набарди “меҳвари шарқ” алайҳи “меҳвари ғарб” аст ва манофеъи кишварҳои шарқӣ дар пирӯзии Эрон аст, на шикасти он.