https://sputnik.tj/20260303/lavrov-buhron-atrofi-eron-rohi-diplomati-1075722530.html
Лавров: Бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кард
Лавров: Бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки Эрон ҳамчун як узви Паймони манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳаққи ҷудонашавандаи ғанӣ гардонидани уран дорад
2026-03-03T17:46+0500
2026-03-03T17:46+0500
2026-03-03T19:16+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
русия
дар русия
эрон
има
сиёсат
низоъ
бӯҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075722813_0:0:3153:1775_1920x0_80_0_0_fc2f578e897915997bd2474c09f4e340.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кард.Сергей Лавров зимни нишасте изҳор дошт ки Эрон ҳамчун як узви Паймони манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳаққи ҷудонашавандаи ғанӣ гардонидани уран дорад.Вай гуфт, дар ҷаҳон танҳо аз Эрон талаб кардаи қатъи ғанисозӣ ғайривоқеӣ аст.Вай инчунин таъкид кард, ки пеш аз ҳама, низоъ дар Ховари Миёна, ҳар гуна амалиёти низомӣ, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта мегардад, бояд фавран қатъ карда шавад.Оқои Лавров эҳтимолияти онро рад накард, ки амалҳои ИМА метавонанд боиси пайдоиши нерӯҳое дар Эрон шаванд, ки тарафдори ба даст овардани бомбаи ҳастаӣ ҳастанд ва хатари аз назорат берун шудани масъалаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаиро афзоиш медиҳанд.Вазири рус афзуд, ки Русия баҳонаҳои ИМА-ро барои оғози амалиёти худ дар Эрон зери суол мебарад ва то ҳол дар бораи ҳадафҳои дақиқи ИМА дар Эрон равшанӣ нест.Вазири хориҷаи Русия пешниҳод кард, ки ИМА амалиёти худро ба Венесуэла, Куба ва Эрон маҳдуд намекунад.
https://sputnik.tj/20260303/zohidi-shahrvandi-tojikiston-eron-boqi-1075704791.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/03/1075722813_322:0:3053:2048_1920x0_80_0_0_dc8dc138e99489b1e12a44d4c8e1c9af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, эрон, има, сиёсат , низоъ, бӯҳрон
русия, дар русия, эрон, има, сиёсат , низоъ, бӯҳрон
Лавров: Бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал кард
17:46 03.03.2026 (Навсозишуда: 19:16 03.03.2026) Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки Эрон ҳамчун як узви Паймони манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳаққи ҷудонашавандаи ғанӣ гардонидани уран дорад
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кард.
"Ман мутмаинам, ки механизмҳо танҳо метавонанд сиёсӣ ва дипломатӣ бошанд", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Сергей Лавров зимни нишасте изҳор дошт ки Эрон ҳамчун як узви Паймони манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳаққи ҷудонашавандаи ғанӣ гардонидани уран дорад.
Вай гуфт, дар ҷаҳон танҳо аз Эрон талаб кардаи қатъи ғанисозӣ ғайривоқеӣ аст.
Вай инчунин таъкид кард, ки пеш аз ҳама, низоъ дар Ховари Миёна, ҳар гуна амалиёти низомӣ, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта мегардад, бояд фавран қатъ карда шавад.
Оқои Лавров эҳтимолияти онро рад накард, ки амалҳои ИМА метавонанд боиси пайдоиши нерӯҳое дар Эрон шаванд, ки тарафдори ба даст овардани бомбаи ҳастаӣ ҳастанд ва хатари аз назорат берун шудани масъалаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаиро афзоиш медиҳанд.
Вазири рус афзуд, ки Русия баҳонаҳои ИМА-ро барои оғози амалиёти худ дар Эрон зери суол мебарад ва то ҳол дар бораи ҳадафҳои дақиқи ИМА дар Эрон равшанӣ нест.
Вазири хориҷаи Русия пешниҳод кард, ки ИМА амалиёти худро ба Венесуэла, Куба ва Эрон маҳдуд намекунад.