Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Бидуни зарурат ба берун набароед: муроҷиати Сафорати Тоҷикистон дар АМА ба шаҳрвандони худ

© AP / Altaf QadriСтолб дыма поднимается над складом в промышленной зоне города Шарджа в Объединенных Арабских Эмиратах после иранских ударов в Дубае, Объединенные Арабские Эмираты, воскресенье, 1 марта 2026 года.
Столб дыма поднимается над складом в промышленной зоне города Шарджа в Объединенных Арабских Эмиратах после иранских ударов в Дубае, Объединенные Арабские Эмираты, воскресенье, 1 марта 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Обуна шудан
Дар шароити шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, намояндагиҳои дипломатиии Тоҷикистон дар Абу-Дабӣ ва Дубай ба таври муқаррарӣ фаъолият доранд ва бо мақомоти маҳаллӣ дар тамосанд
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб аз шаҳрвандон, ки дар ин кишвар щастанд, хостанд бидуни зарурат ба берун набароянд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ хабар дод.
Дипломатҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки ором бошанд, бе зарурати қатъӣ аз хонаҳояшон набароянд ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд.
Аз тоҷикистониҳо дар АМА даъват шудаст, ки бидуни дарёфти маълумоти дақиқ оиди ҳолати ҳарими ҳавоӣ, ҷузъиёти хатсайр ва замони аниқи парвози ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ нараванд.
Сафорат инчунин аз мардум даъват кард, ки ва танҳо ба иттилооти расмӣ ва тавсияҳои мақомоти маҳаллӣ такя намоянд.
Ғайр аз ин, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки щуҷҷатҳои шахсӣ, василаҳои тамос ва дигар ашёи ниёзи аввалияи худро ҳамеша бо худ дошта бошанд
Дар хотима, сафорат изҳор дошт, ки фаъолияти худро ба таври муқаррарӣ идома медиҳад ва бо мақомоти маҳаллӣ дар тамос аст.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Тоҷикистон аз ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ кард
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди махсуси Қувваҳои Мусаллаҳ) дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва дар бораи партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Эрон гузориш дод ва Бонги хатар дар саросари Исроил шунида мешавад.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0