Тоҷикистон аз ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷеабор дар минтақа таъкид кардааст
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна нигаронии амиқи худро баён менамояд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар изҳор доштааст.
"Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд",- афзудааст манбаъ.
Вазорат дар идома гуфтааст, ки Тоҷикистон бори дигар бар зарурати гирифтани иқдомҳои муассир ва таъхирнопазир ҷиҳати пешгирӣ аз вазъи фоҷеабор дар минтақа таъкид мекунад.

Ҳамлаҳои ИМА ва Исроил

Рӯзи шанбе ИМА ва Исроил амалиёти бузурги низомиро алайҳи Эрон оғоз карданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар бораи "парвандаи ҳастаӣ" музокирот мекард.
Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳадафи ҳамлаҳо пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон буд.
Кохи Сафед, дар навбати худ, нияти худро барои нобуд кардани нерӯҳои баҳрӣ ва саноати дифоъии Эрон эълон кард ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки режимро сарнагун кунанд. Эрон бо зарба задан ба қаламрави Исроил ва инчунин иншооти низомии Амрико дар Ховари Миёна посух дод.
Здание посольства Таджикистана в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хост, Эронро такр кунанд
Хабарҳои расонаҳо нишон медиҳанд, ки мушакҳо на танҳо ба иншооти низомӣ, балки ба инфрасохтори шаҳрвандии Эрон низ зарба задаанд. Шумораи зиёди қурбониён ва захмиён гузориш дода мешаванд.
Аз ҷумла раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамлаҳои Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба шаҳодат расид, хабар дод Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ. Ҳамчунин дар баробари ӯ Абдурраҳим Мусавӣ - сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳ, Муҳаммад Покпур - сарфармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Алӣ Шамхонӣ - мушовири фармондеҳи олӣ ва котиби Шӯрои мудофиа, Азиз Носирзода - вазири мудофиаи Эрон ба шаҳодат расиданд.
Русия изҳор дошт, ки ҳамлаҳои Вашингтон ва Тел-Авив ба нигоҳ доштани режими паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҳеҷ иртиботе надоранд ва талаб кард, ки ба музокирот баргарданд. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, ки Маскав омода аст, ки ба ҳалли масъала, аз ҷумла тавассути Шӯрои Амнияти СММ, мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0