https://sputnik.tj/20260225/daryoi-panj-istikhroji-tillo-tojikistoni-taghyir-masir-1075531403.html
Дарёи Панҷ ба далели истихроҷи густардаи тилло ба самти Тоҷикистони тағйир масир додааст
Дарёи Панҷ ба далели истихроҷи густардаи тилло ба самти Тоҷикистони тағйир масир додааст
Sputnik Тоҷикистон
Пажуҳишгари ҳавзаи об, эълом кардааст, ки истихроҷи густардаи тилло дар шимоли шарқи Афғонистони боиси тағйири масири дарёии Панҷ ба самти Тоҷикистон шудаааст
2026-02-25T09:36+0500
2026-02-25T09:36+0500
2026-02-25T09:36+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
тилло
марз
коршинос
панҷ
амният ва мудофиа
дарё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075531990_0:8:3074:1737_1920x0_80_0_0_3c536dcf99f1c9c6bb8fd2f979b97e86.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Наҷибуллоҳи Садид, пажуҳишгари ҳавзаи об, ҳушдор додаааст, ки истихроҷи бенизом ва ғайримеъёрии тилло дар манотиқи марзӣ, ба вижа дар вилоятҳои Бадахшону Тахор, пайомадҳои сангине барои Афғонистон ба ҳамроҳ дорад.Вай дар гуфтугӯ бо Ожонсии хабарии Садои Помир қайд кардааст, ки тахриб муҳӣт зист дар ин минтақаи Афғонистон ба сатҳ "шадид" расидааст.Ба гуфта вай, тағйири эҳтимолии масири дарёии Панҷ на танҳо як буҳрон зист муҳитӣ маҳсуб мешавад, балки метавонад мушкилоти иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ ва марзии миёни ду кишвар эҷод кунад.Дарёи Панҷ, ки яке аз шохаҳои аслии рӯдхонаи Ому ба шумор меравад, дар гузашта ба унвони марзи табиии миёни Афғонистону Тоҷикистон шинохта мешуд.Коршинос таъкид кардааст, ки дар солҳои ахир, афзоиши фаъолиятҳои маъданӣ, ки умдатан тавассути ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад, боис бе суботии бистари рӯдхона ва тахриби густардаи муҳити табиӣ шудааст.Ожонсии хабарии Садои Помир дар истинод ба манобеи маҳаллӣ менависад, ки истихроҷи тилло дар вулусволиҳои Шаҳри бузург, Ёвон, Кӯҳистон, Роғистон, Хоҳон ва Арғунҷахоҳи Бадахшон ва низ бархе манотиқи Тахор ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.Коршиносон муҳит зист ҳушдор медиҳанд,ки идомаи ин раванд метавонад мунҷар ба фарсоиши хок, олудагии манобеи об, аз байн рафтани заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши хатари сайлоб ҳо шавад.Ҳамчунин нигарониҳоӣ дар бораи пайомадҳои геополитикии ин тағйири масир матраҳ шудааст, зеро ҷо ба ҷои рӯдхонаҳои марзӣ дар бисёре маворид метавонад ихтилофоти марзӣмиёни кишварҳоро ташдид кунад.Мутахассисон бар зарурати мудирияти муштараки манобеи обӣ ва назорати дақиқ бар фаъолиятҳои маъданӣ таъкид доранд.Коршиносон мегӯянд, ки истихроҷи маодин бидуни назорат илмӣ метавонад ба буҳронҳои бузург табдил шавад; аз тахриби муҳит зист вахисорати иқтисодии гирифта то эҳтимоли бурузи танишҳои марзӣ.Дар сурати таъйиди тағйири масири рӯдхона, Афғонистон мумкинаст бо чолишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷадидӣ низ рӯ ба рӯ шавадТило ва марз"Табларзаи тилоӣ" дар вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дардисарҳои ҷадиде барои марзбонони тоҷик халқ карда, то ба ҳол чандин маротиба миёни ду соҳил тирандозиҳо сурат гирифтааст.Тибқи созишномаҳое, ки ҳанӯз аз замони Довудхон дар Афғонистон, солҳои 70-уми асри гузашта, марзи миёни ду кишвар аз миёнаи дарё таъйин мешавад, аммо вазоҳат дода нашудааст, ки агар дарё ба ин ё он тараф кӯч кунад, он гоҳ чӣ хоҳад буд.Коршиносон мегӯянд, воқеан, дарёи Панҷ (ки дар нуқтаи васл бо дарёи Вахш Амударё ном мегирад), ин ҳама солҳо бештар ба самти Афғонистон кӯч карда, ҷазираҳои дарёиро ба вуҷуд овардааст ва ин ҷазираҳо ҳамеша мавриди баҳси ҷонибҳо будаанд.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои тилокорон дар марзи Тоҷикистон, ки баъзан ҳатто онро убур мекунанд, паҳн мешаванд. Ҳатто роҳбарияти Хадамоти марзии Тоҷикистон гӯё борҳо ба мақомоти Афғонистон дар бораи чунин ҳодисаҳо муроҷиат кардааст.Душанбеи расмӣ дар бораи ин вазъият дар минтақаи марзӣ бо ҷумҳурии ҳамсоя чизе нагуфтааст. Аммо, маълум аст, ки дар тарафи Тоҷикистон корҳои мустаҳкам кардани соҳили дарё гузаронида мешавад, ки дар омади гап, метавонад ба ҷараёни дарёи Панҷ ба сӯи Афғонистон низ таъсир расонад.
https://sputnik.tj/20260127/tojikiston-baroi-sarmoyaguzor-mejuyad-1074810413.html
https://sputnik.tj/20260121/istehsoli-tillo-toyikiston-afzoish-1074688451.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075531990_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_a621286cd3a3f91040b67cf046e145c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, тилло, марз, коршинос, панҷ, амният ва мудофиа, дарё
дар тоҷикистон, афғонистон, тилло, марз, коршинос, панҷ, амният ва мудофиа, дарё
Дарёи Панҷ ба далели истихроҷи густардаи тилло ба самти Тоҷикистони тағйир масир додааст
Пажуҳишгари ҳавзаи об, эълом кардааст, ки истихроҷи густардаи тилло дар шимоли шарқи Афғонистони боиси тағйири масири дарёии Панҷ ба самти Тоҷикистон шудаааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Наҷибуллоҳи Садид, пажуҳишгари ҳавзаи об, ҳушдор додаааст, ки истихроҷи бенизом ва ғайримеъёрии тилло дар манотиқи марзӣ, ба вижа дар вилоятҳои Бадахшону Тахор, пайомадҳои сангине барои Афғонистон ба ҳамроҳ дорад.
Вай дар гуфтугӯ бо Ожонсии хабарии Садои Помир қайд кардааст, ки тахриб муҳӣт зист дар ин минтақаи Афғонистон ба сатҳ "шадид" расидааст.
Ба гуфта вай, тағйири эҳтимолии масири дарёии Панҷ на танҳо як буҳрон зист муҳитӣ маҳсуб мешавад, балки метавонад мушкилоти иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ ва марзии миёни ду кишвар эҷод кунад.
Дарёи Панҷ, ки яке аз шохаҳои аслии рӯдхонаи Ому ба шумор меравад, дар гузашта ба унвони марзи табиии миёни Афғонистону Тоҷикистон шинохта мешуд.
Коршинос таъкид кардааст, ки дар солҳои ахир, афзоиши фаъолиятҳои маъданӣ, ки умдатан тавассути ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад, боис бе суботии бистари рӯдхона ва тахриби густардаи муҳити табиӣ шудааст.
Ожонсии хабарии Садои Помир дар истинод ба манобеи маҳаллӣ менависад, ки истихроҷи тилло дар вулусволиҳои Шаҳри бузург, Ёвон, Кӯҳистон, Роғистон, Хоҳон ва Арғунҷахоҳи Бадахшон ва низ бархе манотиқи Тахор ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.
Коршиносон муҳит зист ҳушдор медиҳанд,ки идомаи ин раванд метавонад мунҷар ба фарсоиши хок, олудагии манобеи об, аз байн рафтани заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши хатари сайлоб ҳо шавад.
Ҳамчунин нигарониҳоӣ дар бораи пайомадҳои геополитикии ин тағйири масир матраҳ шудааст, зеро ҷо ба ҷои рӯдхонаҳои марзӣ дар бисёре маворид метавонад ихтилофоти марзӣмиёни кишварҳоро ташдид кунад.
Мутахассисон бар зарурати мудирияти муштараки манобеи обӣ ва назорати дақиқ бар фаъолиятҳои маъданӣ таъкид доранд.
Коршиносон мегӯянд, ки истихроҷи маодин бидуни назорат илмӣ метавонад ба буҳронҳои бузург табдил шавад; аз тахриби муҳит зист вахисорати иқтисодии гирифта то эҳтимоли бурузи танишҳои марзӣ.
Дар сурати таъйиди тағйири масири рӯдхона, Афғонистон мумкинаст бо чолишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷадидӣ низ рӯ ба рӯ шавад
"Табларзаи тилоӣ" дар вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон дардисарҳои ҷадиде барои марзбонони тоҷик халқ карда, то ба ҳол чандин маротиба миёни ду соҳил тирандозиҳо сурат гирифтааст.
Тибқи созишномаҳое, ки ҳанӯз аз замони Довудхон дар Афғонистон, солҳои 70-уми асри гузашта, марзи миёни ду кишвар аз миёнаи дарё таъйин мешавад, аммо вазоҳат дода нашудааст, ки агар дарё ба ин ё он тараф кӯч кунад, он гоҳ чӣ хоҳад буд.
Коршиносон мегӯянд, воқеан, дарёи Панҷ (ки дар нуқтаи васл бо дарёи Вахш Амударё ном мегирад), ин ҳама солҳо бештар ба самти Афғонистон кӯч карда, ҷазираҳои дарёиро ба вуҷуд овардааст ва ин ҷазираҳо ҳамеша мавриди баҳси ҷонибҳо будаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои тилокорон дар марзи Тоҷикистон, ки баъзан ҳатто онро убур мекунанд, паҳн мешаванд. Ҳатто роҳбарияти Хадамоти марзии Тоҷикистон гӯё борҳо ба мақомоти Афғонистон дар бораи чунин ҳодисаҳо муроҷиат кардааст.
Душанбеи расмӣ дар бораи ин вазъият дар минтақаи марзӣ бо ҷумҳурии ҳамсоя чизе нагуфтааст. Аммо, маълум аст, ки дар тарафи Тоҷикистон корҳои мустаҳкам кардани соҳили дарё гузаронида мешавад, ки дар омади гап, метавонад ба ҷараёни дарёи Панҷ ба сӯи Афғонистон низ таъсир расонад.