https://sputnik.tj/20260127/tojikiston-baroi-sarmoyaguzor-mejuyad-1074810413.html
Тоҷикистон барои садҳо конаш сармоягузор меҷӯяд
Тоҷикистон барои садҳо конаш сармоягузор меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон 800 кони металлҳои нодир ва қиматбаҳо кашфу барои аз худ намудан қисман омода карда шудаанд 27.01.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-01-27T10:30+0500
2026-01-27T10:30+0500
2026-01-27T11:56+0500
дар тоҷикистон
кон
тилло
маъдан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044059723_451:713:2825:2048_1920x0_80_0_0_8a7941e418588ad9da34ed1db2312a09.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон танҳо 100 кони канданиҳои фоиданок мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳоле, ки 800 кони металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар кашфу барои аз худ намудан қисман омода карда шудаанд, зикр шудааст дар "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026 - 2030". Дар доираи ин барнома Тоҷикистон азм дорад, ба соҳа сармояи бештар ҷалб кунад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ саноати коркарди маъдан босуръат рушд карда, ашёи хоми ин соҳа ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар зимн ҷумҳурӣ тавлиди металҳои гаронбаҳоро низ зиёд кардааст. Аз ҷумла истеҳсоли тило ва нуқра дар муқоиса бо соли 1991 ҳудуди 7 баробар зиёд шудаанд. Ин болоравӣ дар ҳолест, ки нархи тилою нуқра дар бозорҳои ҷаҳонӣ рекордшиканӣ доранд. Аз ҷумла қимати як унсия тило, ки муодили 31 грам мебошад, аз 5,1 ҳазор доллар ва як унсия нуқра аз 109 доллар гузашт, бармеояд аз додаҳои биржаи Comex. Дар шароити гароншавии металҳо дар ҷаҳон рушди соҳаи маъдан дар ҷумҳурӣ метавонад аз муҳаррикҳои аслии иқтисоди кишвар гардад, изҳор медоранд коршиносон.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044059723_727:635:2611:2048_1920x0_80_0_0_226114496d72c19995969cf71dcc370c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кон, тилло, маъдан
дар тоҷикистон, кон, тилло, маъдан
Тоҷикистон барои садҳо конаш сармоягузор меҷӯяд
10:30 27.01.2026 (Навсозишуда: 11:56 27.01.2026) Дар Тоҷикистон 800 кони металлҳои нодир ва қиматбаҳо кашфу барои аз худ намудан қисман омода карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон танҳо 100 кони канданиҳои фоиданок мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳоле, ки 800 кони металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар кашфу барои аз худ намудан қисман омода карда шудаанд, зикр шудааст дар "Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026 - 2030".
Дар доираи ин барнома Тоҷикистон азм дорад, ба соҳа сармояи бештар ҷалб кунад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ саноати коркарди маъдан босуръат рушд карда, ашёи хоми ин соҳа ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар зимн ҷумҳурӣ тавлиди металҳои гаронбаҳоро низ зиёд кардааст. Аз ҷумла истеҳсоли тило ва нуқра дар муқоиса бо соли 1991 ҳудуди 7 баробар зиёд шудаанд.
Ин болоравӣ дар ҳолест, ки нархи тилою нуқра дар бозорҳои ҷаҳонӣ рекордшиканӣ доранд. Аз ҷумла қимати як унсия тило, ки муодили 31 грам мебошад, аз 5,1 ҳазор доллар ва як унсия нуқра аз 109 доллар гузашт, бармеояд аз додаҳои биржаи Comex.
Дар шароити гароншавии металҳо дар ҷаҳон рушди соҳаи маъдан дар ҷумҳурӣ метавонад аз муҳаррикҳои аслии иқтисоди кишвар гардад, изҳор медоранд коршиносон.