https://sputnik.tj/20260121/istehsoli-tillo-toyikiston-afzoish-1074688451.html
Дар 34 сол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 7 баробар афзоиш ёфтааст
Дар 34 сол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 7 баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд
2026-01-21T12:02+0500
2026-01-21T12:02+0500
2026-01-21T12:48+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
истеҳсол
тилло
геология
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074688613_0:156:3086:1892_1920x0_80_0_0_1f3b087d0cd9bbb4cc087c3d39624519.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ахиран сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар як ҳамоише гуфт, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан ҳамагӣ 3 номгўйи маҳсулот - тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгўй расонида шуд.Вай афзуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон мақомдори тоҷик таъкид кард, ки бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар давраи татбиқи он беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд.Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, ки ин нишондиҳанда 3,4 баробар афзоиш ёфтааст.Инчунин оқои Оймуҳаммадзода зикр кард, ки саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриро аз бисёр ҷиҳат ҳамчун давлати истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.Мақомдори тоқи илова кард, ки барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст, омӯзиши 56 объекти барои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи саноат, муҳимро дар бар мегирад. Дар соли 2025 татбиқи зиёда аз 80% объектҳои пешбинишудаи барномаи мазкур таъмин гардид.Вай афзуд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми Тоҷикистон имкон медиҳанд, бо роҳи коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои ранга ва қиматбаҳо, саноати сӯзишворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рушд ёбанд ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардад.
https://sputnik.tj/20240722/kashfi-se-maydoni-oyandadori-tillo-tojikiston-1063617834.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074688613_178:0:2909:2048_1920x0_80_0_0_ac1e5613d7a85d6bd4de61fa088ce100.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саноат, истеҳсол, тилло, тоҷикистон, геология, нуқра, корхона, фаъолият
саноат, истеҳсол, тилло, тоҷикистон, геология, нуқра, корхона, фаъолият
Дар 34 сол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 7 баробар афзоиш ёфтааст
12:02 21.01.2026 (Навсозишуда: 12:48 21.01.2026) Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ахиран сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар як ҳамоише гуфт, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан ҳамагӣ 3 номгўйи маҳсулот - тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, пас дар соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгўй расонида шуд.
Вай афзуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон мақомдори тоҷик таъкид кард, ки бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар давраи татбиқи он беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, ки ин нишондиҳанда 3,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Инчунин оқои Оймуҳаммадзода зикр кард, ки саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад ҷумҳуриро аз бисёр ҷиҳат ҳамчун давлати истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти ниёзи аввал ба бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
“Тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардида, ин раванд ба нафъи шаҳрвандон хоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Мақомдори тоқи илова кард, ки барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст, омӯзиши 56 объекти барои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи саноат, муҳимро дар бар мегирад. Дар соли 2025 татбиқи зиёда аз 80% объектҳои пешбинишудаи барномаи мазкур таъмин гардид.
Вай афзуд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми Тоҷикистон имкон медиҳанд, бо роҳи коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои ранга ва қиматбаҳо, саноати сӯзишворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рушд ёбанд ва саноатикунонии босуръати кишвар таъмин гардад.