https://sputnik.tj/20260219/kumitai-din-marakai-iftor-man-mahdud-1075407527.html
Кумитаи дин: Баргузории маъракаи ифтор манъ ё маҳдуд нашудааст
Кумитаи дин: Баргузории маъракаи ифтор манъ ё маҳдуд нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин овозаҳо дар бораи манъ ё маҳдуд гардидани баргузории маъракаи ифторро рад кардааст
2026-02-19T14:41+0500
2026-02-19T14:41+0500
2026-02-19T14:41+0500
дар тоҷикистон
кумитаи дин
ифтор
рӯза
рӯзадорӣ
моҳи шарифи рамазон
рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/13/1029081319_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_c1049c5141e68d8c419b90a45bbfca23.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани маъракаи ифторро дар кишвар рад карда гуфтааст, ки ин "хабару овозаҳо асоси воқеӣ надоранд".“Вобаста ба хабарҳои паҳншуда дар мавриди манъ ё маҳдуд гардидани баргузории маъракаи ифтор иттилоъ медиҳад, ки хабару овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надоранд”, қайд кардааст Кумита.Ин ниҳоди давлатӣ дар вокунишаш таъкид кардааст, ки маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст.Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки зимни баргузории маъракаи ифтор низ бо риояи эътидол ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”, - қайд кардааст Кумитаи дин.Кумита тавсияи додааст, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон сокинон ба анҷом додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ кунанд.Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишин афроди доро дар моҳи Рамазон маъракаи ифтор гузаронда, ба шахсони рӯзадор ғизо медиҳанд.Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 19-уми феврал фаро расида, то20 март идома мекунад.
https://sputnik.tj/20260218/tabib-sharh-ruzadori-ramazon-badani-inchon-tasir-1075380652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/13/1029081319_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_11faa1b9096721a820858b432a3271f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кумитаи дин, ифтор, рӯза, рӯзадорӣ, моҳи шарифи рамазон, рамазон
дар тоҷикистон, кумитаи дин, ифтор, рӯза, рӯзадорӣ, моҳи шарифи рамазон, рамазон
Кумитаи дин: Баргузории маъракаи ифтор манъ ё маҳдуд нашудааст
Кумитаи дин овозаҳо дар бораи манъ ё маҳдуд гардидани баргузории маъракаи ифторро рад кардааст
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи манъ ё маҳдуд шудани маъракаи ифторро дар кишвар рад карда гуфтааст, ки ин "хабару овозаҳо асоси воқеӣ надоранд".
“Вобаста ба хабарҳои паҳншуда дар мавриди манъ ё маҳдуд гардидани баргузории маъракаи ифтор иттилоъ медиҳад, ки хабару овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надоранд”, қайд кардааст Кумита.
Ин ниҳоди давлатӣ дар вокунишаш таъкид кардааст, ки маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” маҳдуд нагардидааст.
Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки зимни баргузории маъракаи ифтор низ бо риояи эътидол ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
“Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд”, - қайд кардааст Кумитаи дин.
Кумита тавсияи додааст, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон сокинон ба анҷом додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ кунанд.
Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмоннишин афроди доро дар моҳи Рамазон маъракаи ифтор гузаронда, ба шахсони рӯзадор ғизо медиҳанд.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 19-уми феврал фаро расида, то20 март идома мекунад.