https://sputnik.tj/20260216/sp-reyting-qarzii-tojikiston-ustuvor-musbat-taghyir-1075322674.html
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро аз "устувор" ба "мусбат" тағйир дод
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро аз "устувор" ба "мусбат" тағйир дод
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати Standard & Poor’s рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" намуд ва дурнамои онро аз сатҳи "устувор" ба "мусбат" тағйир додааст
2026-02-16T17:51+0500
2026-02-16T17:51+0500
2026-02-16T17:51+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
молия
бонк
раддабандӣ
иқтисод
рейтинг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075324633_0:25:3553:2024_1920x0_80_0_0_68274a29c5b00218e7b74c9a24017e98.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард, иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.Ҳамин тавр, Агентӣ рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" тасдиқ намуд ва дурнамои онро аз сатҳи "устувор" ба "мусбат" тағйир додааст.“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили Муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, Рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ва Иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар самти қарзи беруна шомил мебошанд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.Масъулини Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки тасдиқи рейтинги мазкур нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ ва идоракунии макроиқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи хуб эътироф шудааст.Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад."Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.
https://sputnik.tj/20260211/bonki-milli-bonkho-tojikiston-ruykhati-tahrimi-avrupo-1075184928.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075324633_294:0:3025:2048_1920x0_80_0_0_7ab82fe12c467607c7e2f13365cac0bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, молия, бонк, раддабандӣ, иқтисод, рейтинг
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, молия, бонк, раддабандӣ, иқтисод, рейтинг
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро аз "устувор" ба "мусбат" тағйир дод
Ширкати Standard & Poor’s рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" намуд ва дурнамои онро аз сатҳи "устувор" ба "мусбат" тағйир додааст
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард, иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, Агентӣ рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" тасдиқ намуд ва дурнамои онро аз сатҳи "устувор" ба "мусбат" тағйир додааст.
“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили Муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, Рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ва Иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар самти қарзи беруна шомил мебошанд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.
Масъулини Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки тасдиқи рейтинги мазкур нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ ва идоракунии макроиқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи хуб эътироф шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.
"Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.