Аз энержӣ то иқтисоду иҷтимоъ: Мирзонабот дар нишасти матбуотӣ аз чӣ гуфт?

© Foto / Хадамоти матбуотии раиси ВМКБАлишер Мирзонабот - раиси ВМКБ
Алишер Мирзонабот - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2026
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни нишасти хабарӣ аз навгониҳо дар ҳудуди вилоят гуфт
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тибқи оморе, ки Алишер Мирзонабот зимни нишасти хабарӣ ироа кардааст, ВМКБ дар соли 2025 дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо доштааст.
Бино ба гузориши Мирзонабот, дар ҳудуди вилоят 140 иншоот ба баҳрабардорӣ расидааст, ки аз ин теъдод 53 ададашонро корхонаҳои саноатӣ ташкил медиҳанд.
Роҳбари вилоят ёдовар шуда, ки иншооти муҳими стратегӣ аз қабили қисмати бузурги қитъаи 93 км-и роҳи Душанбе-Дарвоз-Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон:
қисмати шоҳроҳ бо купруки 82 метра ва долони зиддитармавии 550 метра дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон,
пули мошингузари дусадметрӣ дар Хоруғ,
нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа,
силсила неругоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз,
ҳамчунин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо сарфи маблағи зиёда аз 4 млрд сомонӣ низ давоми соли сипаришуда фаъол гардиданд.

Иқтисод

Дар маҷмӯъ аз ҳамаи манбаҳо ба иқтисоди вилоят зиёда аз 4,2 млрд сомонӣ ворид гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 3 млрд 18 млн сомонӣ расид, ки нисбати соли 2024-ум 516 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки нақшаи буҷети маҳаллӣ аз руйи даромадҳои худӣ ба андозаи 106,3% иҷро гардида, қисми хароҷоти он дар соли гузашта 98,4% таъмин шудааст.
26 июня Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Рошткалинском районе открыл гидроэлектростанцию Себзор. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Раҳмон "Себзор" -ро ба истифода дод: 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо кард
Давоми давраи ҳисоботӣ аз ҷониби низоми бонкӣ 358,6 млн сомонӣ қарзҳо дода шуда, бақияи пасандозҳои аҳолӣ бошад ба 621,4 млн сомонӣ баробар гардид.

Иҷтимоъ

Дар баробари дастовардҳои соҳаҳои иқтисод, Мирзонабот соҳаҳои иҷтимоиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои дастгирии ин соҳа, беш аз 521 млн сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба як соли пеш қариб 130 млн сомонӣ бештар мебошад ва 83,6%-и хароҷоти умумии буҷаи вилоятро ташкил медиҳад.
Раиси ВМКБ ҳамчунин, ба масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳиву баҳории ҷавонписарон, афзун гардидани теъдоди сайёҳон ва идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ дахл кардааст.
Лентаи хабарҳо
0