Раҳмон "Себзор" -ро ба истифода дод: 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо кард

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана26 июня Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Рошткалинском районе открыл гидроэлектростанцию Себзор.
26 июня Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Рошткалинском районе открыл гидроэлектростанцию Себзор. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Обуна шудан
Санги асос барои бунёди ин нерӯгоҳро ҳанӯз соли 2015 роҳбари давлат гузошта буд, акнун бо гузашти 10 сол нерӯгоҳ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар доираи сафари худ ба ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа Нерӯгоҳи обии "Себзор" - ро ба истифода дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, ки иншооти мазкур аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки нерӯгоҳи "Себзор" бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шуда, технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.
Ин нерӯгоҳ имкони бо барқ таъмин кардани 220 ҳзаор аҳолии вилоятро дорад. Илова бар ин, барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо шудааст.
Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джума в ходе рабочей поездки ознакомился с ходом строительства Себзорской ГЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2025
Вазири энергетика гуфт, барои чӣ НБО “Себзор” ба ВМКБ муҳим аст
Бояд гуфт, санги асос барои бунёди Неругоҳи обии "Себзор" аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 гузошта шуд ва акнун бо гузашти 10 сол нерӯгоҳи мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи обии Себзор имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.
Дар вақти бунёди Неругоҳи обии Себзор то 600 нафар бо кор таъмин шуда, 97% корҳо дар Неругоҳи обии "Себзор" аз ҷониби коргарону мутахассисони ширкатҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0