Нигаронии Тоҷикистон аз таҳрим шудани бонкҳои кишвар аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо

© SputnikЗдание МИД Таджикистана. Архивное фото
Здание МИД Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2025
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Тоҷикистон аз таҳрим шудани бокнҳои кишвар аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо нигарон аст.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот додааст.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани таҳримоти ИА, ки ба кишварҳои сеюм низ таъсир мерасонад, изҳори таассуф мекунад.

"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шомил шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин феҳристи таҳримҳо амиқан нигарон буда изҳори таассуф мекунад", - омадааст дар изҳорот.

ВУХ гуфтааст, ки Тоҷикистон бо пойбандӣ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунуниро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати то ҳадди ақалл коҳиш додани оқибатҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки 23 октябр, дар доираи даври 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия, Иттиҳоди Аврупо ҳашт бонк ва муассисаҳои молиявии кишварҳои сеюмро ба рӯйхати таҳримҳои худ илова кард.
Аз ҷумла, се бонки Тоҷикистон - "Бонки Спитамен", Dushanbe City ва "Коммертсбонк" - аз 12 ноябр ба ин рӯйхат илова карда мешаванд.
Флаги с символикой Евросоюза   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Иттиҳоди Аврупо нисбати бонкҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ мекунад
Дар баробари Тоҷикистон таҳримҳо ба фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайраҳо таъсир хоҳад кард.Шурои Иттиҳоди Аврупо бастаи дигари таҳримҳоро нисбати Русия қабул кард, ки фаъолияти як қатор бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0