https://sputnik.tj/20260205/isfara-shart-asosi-sokhtmon-bino-1075023192.html
Раиси Исфара шартҳои асосӣ барои сохтмони биноҳои баландошёнаро гуфт
Раиси Исфара шартҳои асосӣ барои сохтмони биноҳои баландошёнаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Исфара гуфт дар назди ҳар як баландошёна бояд таваққуфгоҳи нақлиёт ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон сохта шавад
2026-02-05T09:30+0500
2026-02-05T09:30+0500
2026-02-05T09:30+0500
сохтмон
корҳои сохтмонӣ
исфара
дар тоҷикистон
суғд
манзил
бинои истиқоматӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983220_0:73:3379:1974_1920x0_80_0_0_ea2ca1d1f9327271a7e80d6fcaf570dc.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода дар суҳбат бо соҳибкороне, ки дар ҳудуди шаҳр ба сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна машғуланд, мулоқот кард.Дар рафти вохӯрӣ Ҷумъазода ба соҳибкорон шартҳои асосии сохтани манзилҳоро фаҳмонд.Ӯ ба масъалаҳои риояи қатъии меъёрҳои шаҳрсозӣ ва беҳтар намудани сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ кард.Раис афзуда, ки биноҳои баландошёна бояд бо ҷойҳои таваққуфи воситаҳои нақлиёт ва роҳравҳои мувофиқ, таҷҳизонида шуда, ҳар як бинои баландошёна бояд дорои майдончаи бозиву варзишии босифат ва бехатар барои кӯдакон бошад."Бунёди минтақаҳои сабз ва шинонидани дарахтони сояафкан дар атрофи биноҳо шарти зарурӣ буда, намуди зоҳирии биноҳо ба симои муосири шаҳр мутоибқат кунанду ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ аз масолеҳи босифат истифода бурда шавад", - таъкид кардааст Ҷумъазода.Бояд гуфт, ки арзиши миёнаи манзил дар Тоҷикистон барои 1 метри мураббаъ аз 5000 сомонӣ зиёд аст.Солҳои охир дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар ҳоли афзоиш аст.Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
https://sputnik.tj/20260129/narkhi-manzil-dar-tojikiston-chand-ast-1074882768.html
исфара
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983220_324:0:3055:2048_1920x0_80_0_0_269383fd59cfb1ab16936001f8ded4d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонаҳои баландошёна, тоҷикистон,
хонаҳои баландошёна, тоҷикистон,
Раиси Исфара шартҳои асосӣ барои сохтмони биноҳои баландошёнаро гуфт
Раиси шаҳри Исфара гуфт дар назди ҳар як баландошёна бояд таваққуфгоҳи нақлиёт ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон сохта шавад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода дар суҳбат бо соҳибкороне, ки дар ҳудуди шаҳр ба сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна машғуланд, мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ Ҷумъазода ба соҳибкорон шартҳои асосии сохтани манзилҳоро фаҳмонд.
Ӯ ба масъалаҳои риояи қатъии меъёрҳои шаҳрсозӣ ва беҳтар намудани сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ кард.
"Бунёди манзил пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мебошад. Хонаҳои баландошёна бояд мувофиқи стандартҳои муосири ҷаҳонӣ бунёд шаванд, то сокинон худро дар онҳо роҳату бехатар ҳис кунанд", гуфт Шарифҷон Ҷумъазода.
Раис афзуда, ки биноҳои баландошёна бояд бо ҷойҳои таваққуфи воситаҳои нақлиёт ва роҳравҳои мувофиқ, таҷҳизонида шуда, ҳар як бинои баландошёна бояд дорои майдончаи бозиву варзишии босифат ва бехатар барои кӯдакон бошад.
"Бунёди минтақаҳои сабз ва шинонидани дарахтони сояафкан дар атрофи биноҳо шарти зарурӣ буда, намуди зоҳирии биноҳо ба симои муосири шаҳр мутоибқат кунанду ҳангоми бурдани корҳои сохтмонӣ аз масолеҳи босифат истифода бурда шавад", - таъкид кардааст Ҷумъазода.
Бояд гуфт, ки арзиши миёнаи манзил дар Тоҷикистон барои 1 метри мураббаъ аз 5000 сомонӣ зиёд аст.
Солҳои охир дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.