Маоши миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 20% баланд шуд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз боло рафтани маоши миёна дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон қариби 20% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузориш дода шуд
Гуфта шуд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати декабри соли 2025 беш аз 2,7 ҳазор сомониро ташкил дод.
"Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 2,7 сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2024 -ум 19,9% ё 452,9 сомониро ташкил медиҳад", - иттилоъ дод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳамзамон Вазорат иттилоъ додааст, ки масъалаи пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани қарздорӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорат ситоди корӣ таъсис ёфтааст.
Подсчет денег, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2025
Раҳмон ваъда дод соли оянда маошу нафақа боз баланд мешавад
Ин дар ҳолест, ки аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.
Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.
Лентаи хабарҳо
0