https://sputnik.tj/20260202/bonki-milli-mablaghguzorii-nbo-roghun-1074968759.html
Бонки миллӣ масъалаи маблағгузории НБО “Роғун”-ро шарҳ дод
Бонки миллӣ масъалаи маблағгузории НБО “Роғун”-ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумони Тоҷикистон аз лоиҳаи қонун дар бораи маблағгузории иловагӣ аз захираҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун пуштибонӣ карданд
2026-02-02T18:31+0500
2026-02-02T18:31+0500
2026-02-02T18:31+0500
дар тоҷикистон
маблағгузорӣ
нбо "роғун"
сохтмон
бонки миллӣ
бмт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064500377_0:67:1279:786_1920x0_80_0_0_c15dac381db35a458138b24ee9a00ade.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Аз фонди захиравии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 916 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.Хадамоти матбуот хабар дод, ки дар иҷлосияи парлумон вакилон аз лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон" пуштибонӣ карданд.Қонун бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст."Дар лоиҳаи қонун интиқоли 916 миллион сомонӣ (тақрибан 100 миллион доллар)-и боқимондаи фонди захиравии БМТ-ро, ки дар асоси натиҷаҳои молиявии бонк барои соли 2024 ташкил шудааст, дарбар мегирад", - хабар дод хадамоти матбуоти парлумон.Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рӯдхонаи Вахш соли 1987 оғоз шуда, солҳои 90-ум ба иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд.Аз оғози солҳои 2000-ум барқарор кардани кор борҳо баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби талаби сармоягузории зиёд, борҳо мавқуф гузошта шуд.Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2016 расман аз сар гирифта шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.Ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан $6,3 млрд арзиш дорад. Мувофики лоиха, баландии сарбанд 335 метр - баландтарин сарбанди сангфарш дар ҷаҳон хоҳад буд.Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, баъди ба кор даромадани шаш агрегати он 3,6 ГВт хоҳад буд ва он бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.Мақомот тасмим доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як нерӯгоҳи барқи обии бисёрмақсад, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва коҳиши хушксолӣ истифода баранд.Интизор меравад, ки бо истифода аз нерӯгоҳи барқи обӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон рафъ ва маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бурда мешавад ва ҳамчунин зарфияти содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро афзоиш меёбад.Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад; якум 9 сентябри соли 2018 ба кор андохта шуда, дуюмаш соли 2019 ба фаъолият даромад.Мувофиқи маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон ин агрегатҳо дар соли 2024 зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.
https://sputnik.tj/20260130/kor-sokhtmon-inshoot-roghun-anjom-1074882571.html
https://sputnik.tj/20260129/roghun-qarz-kand-qarzdoron-asosi-barq-1074872260.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064500377_71:0:1208:853_1920x0_80_0_0_c223b560491271bb68baed0226e62cc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо роғун, маблағгузорӣ, бонки миллӣ, захираҳо, вакилон, парлумон
тоҷикистон, нбо роғун, маблағгузорӣ, бонки миллӣ, захираҳо, вакилон, парлумон
Бонки миллӣ масъалаи маблағгузории НБО “Роғун”-ро шарҳ дод
Вакилони парлумони Тоҷикистон аз лоиҳаи қонун дар бораи маблағгузории иловагӣ аз захираҳо барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун пуштибонӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Аз фонди захиравии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 916 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Хадамоти матбуот хабар дод, ки дар иҷлосияи парлумон вакилон аз лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон" пуштибонӣ карданд.
Қонун бо ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.
"Дар лоиҳаи қонун интиқоли 916 миллион сомонӣ (тақрибан 100 миллион доллар)-и боқимондаи фонди захиравии БМТ-ро, ки дар асоси натиҷаҳои молиявии бонк барои соли 2024 ташкил шудааст, дарбар мегирад", - хабар дод хадамоти матбуоти парлумон.
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рӯдхонаи Вахш соли 1987 оғоз шуда, солҳои 90-ум ба иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд.
Аз оғози солҳои 2000-ум барқарор кардани кор борҳо баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби талаби сармоягузории зиёд, борҳо мавқуф гузошта шуд.
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2016 расман аз сар гирифта шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан $6,3 млрд арзиш дорад. Мувофики лоиха, баландии сарбанд 335 метр - баландтарин сарбанди сангфарш дар ҷаҳон хоҳад буд.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, баъди ба кор даромадани шаш агрегати он 3,6 ГВт хоҳад буд ва он бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Мақомот тасмим доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як нерӯгоҳи барқи обии бисёрмақсад, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва коҳиши хушксолӣ истифода баранд.
Интизор меравад, ки бо истифода аз нерӯгоҳи барқи обӣ камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон рафъ ва маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бурда мешавад ва ҳамчунин зарфияти содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро афзоиш меёбад.
Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад; якум 9 сентябри соли 2018 ба кор андохта шуда, дуюмаш соли 2019 ба фаъолият даромад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон ин агрегатҳо дар соли 2024 зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.