https://sputnik.tj/20260130/kor-sokhtmon-inshoot-roghun-anjom-1074882571.html
Қариб 60% -и корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" ба анҷом расидааст
Қариб 60% -и корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" ба анҷом расидааст
Sputnik Тоҷикистон
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" қариб 60 дарсад ба анҷом расидааст.
2026-01-30T09:31+0500
2026-01-30T09:31+0500
2026-01-30T09:31+0500
роғун
сохтмон
корҳои сохтмонӣ
дар тоҷикистон
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_74f09fc4a488df6dac44f28da75db51c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" қариб 60% ба анҷом расидааст.Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид, хабар дод Вазорати энергетика ва захоири оби кишвар.Ба иттилои манбаъ, ду агрегати муваққатии нерӯгоҳ аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025-ум 9,9 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст.Дар баробари ин, нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" пас аз таҷдид иқтидори худро афзоиш доданд.Дар соли 2025, навсозии нерӯгоҳи "Қайроққум" ба анҷом расид, ки иқтидори энергетикии онро 60 МВт афзоиш дода, ба 174 МВт расонд.Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии "Норак" низ ба кор андохта шуд, ки ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова кард.Дар умум дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энержӣ ва Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон идома дода шуд.Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1,4 млрд доллар маблағ ҷалб карда шудааст.Илова бар ин, татбиқи 5 лоиҳаи дигар дар ҳудуди ВМКБ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони "НБО Себзор", лоиҳаи "Электрофикатсияи деҳот" (қисмати ВМКБ), насби неругоҳи офтобии иқтидораш 3 МВт дар шабакаи асосӣ дар ноҳияи Шуғнон, "Самаранокии энержӣ ва энергияи барқароршаванда дар манзил ва саноат" ва лоиҳаи "Барқрасонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" бо маблағи умумии 134 млн доллар идома дода шуданд.
https://sputnik.tj/20260129/roghun-qarz-kand-qarzdoron-asosi-barq-1074872260.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032097920_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_e55431f17e6284e2d7b22af692480a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нбо "роғун",
Қариб 60% -и корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" ба анҷом расидааст
Ду агрегати муваққатии нерӯгоҳ аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025-ум 9,9 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти НБО "Роғун" қариб 60% ба анҷом расидааст.
Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид, хабар дод Вазорати энергетика ва захоири оби кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ду агрегати муваққатии нерӯгоҳ аз ибтидои баистифодадиҳӣ то 31 декабри соли 2025-ум 9,9 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
Дар баробари ин, нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" пас аз таҷдид иқтидори худро афзоиш доданд.
Дар соли 2025, навсозии нерӯгоҳи "Қайроққум" ба анҷом расид, ки иқтидори энергетикии онро 60 МВт афзоиш дода, ба 174 МВт расонд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии "Норак" низ ба кор андохта шуд, ки ба иқтидори лоиҳавии он 40 МВт илова кард.
Дар умум дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар доираи 13 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энержӣ ва Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон идома дода шуд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1,4 млрд доллар маблағ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, татбиқи 5 лоиҳаи дигар дар ҳудуди ВМКБ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони "НБО Себзор", лоиҳаи "Электрофикатсияи деҳот" (қисмати ВМКБ), насби неругоҳи офтобии иқтидораш 3 МВт дар шабакаи асосӣ дар ноҳияи Шуғнон, "Самаранокии энержӣ ва энергияи барқароршаванда дар манзил ва саноат" ва лоиҳаи "Барқрасонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" бо маблағи умумии 134 млн доллар идома дода шуданд.