Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар атрофи Эрон изҳори нигаронӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе
Здание МИД Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷа таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 28 янв - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳороти худ, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбати Эрон нигарон аст ва ва мухолифи ҳама гуна амалиёти низомӣ аст.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон ҳалли ҳама гуна низоъҳоро танҳо бо роҳи дипломатӣ мебинад ва аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунад, ки принсипҳои Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалиро риоя кунанд.
"Тоҷикистон даъват мекунад, ки ҷонибҳо бо риояи усули Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал намуда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд", - омадааст дар изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки киштиҳои низомӣ бо як нови ҳавопаймобари амрикоӣ ба сӯи Эрон ҳаракат мекунад.
Эътирозҳо дар Эрон ба коридори нақлиётии Шимол-Ҷануб, Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2026
Коршинос аз пайомади эътирозҳо дар Эрон ба Осиёи Марказӣ гуфт
"Ҳоло як киштии зебо ба сӯи Эрон ҳаракат мекунад, мебинем", - гуфт Трамп дар як чорабинӣ дар Айова.
Вай инчунин таъкид кард, ки умедвор аст, ки Теҳрон бо Вашингтон ба созиш бирасад. Аммо, президенти Амрико мушаххас накард, ки дар бораи кадом созиш сухан меравад.
Лентаи хабарҳо
0